Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

Ва аммо хумор нашикаста пайк омад, ки чобуксаворони румӣ рўдро убур мекунанд. Осемасар нашуд шоҳ, балки заҳрханда карда пайкро ба ҷазо мувофиқ донист, ки айшашро мунағғас сохт.
Мемнон чун огоҳ гашт аз рўйдод, наёмад назди шоҳ, балки чобуксаворони низомийи Искандар фиристодаро дар лаби рўд найзаборон кард. Чун мавзеъ ва мавқеъ танг буд, дастайи саворони румӣ натавонистанд ҷавлон бизананд. Найзаҳойи нўктези порсӣ ҷон ситониданд аз саворони румӣ.
Чун Доро ҳолат дарёфт биболид, аммо Искандар баробари огоҳ шудан аз талафот чун шери ҳашмӣ биғуррид ва фармуд ҳама баробар рўдро убур кунанд ва шабохун бизананд. Вале чун рўдро убур кард сар ба кафи андеша ниҳод, ки бисёр ҷангу балвоҳоро дида ва пирўз омада буд, аммо чунон ки фавҷи саворони ў ин зайл талаф ёбанд, надида буд. Шарм дошт пеши Пармониён, ки суханашро напазируфт. Аммо барояш чизе нагуфт. Пармониён низ дам ба дарун гирифта буд. Сари забонаш мехорид, то бигўяд, ки суханашро гўш накард, вале таъна пиндошта, забон газид.
Ва Искандар омади корро нобоб дониста қувваҳойи эҳтиётиву ёрирасонро низ ба ҷанг хонд. Лашкар низ аз ноомади овард ғамӣ гашт ва якбора хашм гирифт, ки бо чунин ҳол пирўзӣ амрест
1 муҳол. Шоҳи ҷавон ишора ба гетайрҳо кард ва онҳо ба сар давиданд. Фавҷи аскарони пиёда низ ҳамроҳ шуданд. Ҳама аз ҷўши рўди Граник ба ҷўши набарди порсҳо омаданд. Искандар чу шери сафдар хешро ба талояйи душман бизад ва ҷавлон кард. Ҳанўз субҳ надамида. Шамшери ахиллийи шоҳ Искандар гўё сар на, нўки найҳои соҳилро мебурид. Қалбгоҳи лашкари Порс бидарид ва сипоҳи Искандар боли чапи душман бишикаст.
Чун порсиён ба пирўзийи набарди аввал болида буданд, ҷангро саҳл пиндоштанд ва ҳуҷумовар шуданд. Онҳо огоҳ набуданд, ки худи шоҳ Искандар ба ҷанг даромада. Ва чун дарёфтанд, ки шоҳи мақдунӣ ба пархош омада, ҳамлавар шуданд бо тамоми ҳастӣ.
«Марги Маликуррум бохти сипоҳи мақдунист!» бонг заданд онон ва шоҳи ҷавонро ҳадафи асосийи корзор донистанд.
Искандари Мақдунӣ низ порсҳоро ҳамчунон пешвоз гирифтанӣ буд: мисли порсҳо саҳл. Вале талафоти нахустин, ки танҳо чанде сари аспон гардонда, сўйи лашкар убур карда тавонистанд, дидайи шоҳи навкор боз кард. Ў дар хеш ҳазм кард, ки пош хўрдани фавҷи савора андар дили шаб на корест хурд. Сахт омода гашт ба ҷанг.
Дар зери пардайи сапедадамон саф орост сипоҳ.
- Дўстон; саворони номдор, ки аз наздикон омода шуда бошанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор