Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

Даст ба андоми хоколуди ҳайкал гузошт. Тоза кард гарду хокро ва баъд рўй ва чашмони ҳайкалро тамиз кард. Сар пеш овард ва гўё аз ҳайкал мепурсида бошад садо баровард: «Падар!» Дар вуҷудаш як даста оташ афтод. Тафсид. Пасон сард гашт. «Туро ба ин ҳол кӣ афканд?» – оҳани сардро бўсида гуфт Искандар, аммо аз ҳайкал ҷуз сардӣ чизеро эҳсос накард. Ва гумон кард, ки меҳри сарди падар нисбат ба ў ҳанўз ҳам идома дорад ва шояд меҳри хунуку сарддилийи худи ў ба падараш низ бошад...
... вале чизи дигар эҳсоси ўро ангехт: меҳри падариву фарзандӣ. Гўйиё ин лаҳза дарёфт, ки падар дошт... Сари ўро ба ҳар гуна овозаҳо ва ҳарфҳо пур карда буданд дар кўдакиаш, ки гўё аз худойи Зевс рўйида, ё аз худованд Жупитер тухма дошта, ки ба шакли мори сапед ба бистари модараш Олимпиада даромада ва ё ў писари Филиппи II нест, балки пури кадом сипаҳсолор аст... ва ҳарфҳойи зиёд. Аммо ҳоло чизи дигар аз дилу мағзи ў мегузарад ва гўйӣ ҳамин эҳсосро ҳам дарк карда касе ба вай халалгор намешавад, ки падарашро бишносад. «Падар!» Атрофиён шунаванд ин садоро, вале ҳайкали сард нашнавад. Ў оғўшашро кушода чун сусмор дастонашро ёзонда ба рўйи ҳайкал мелағзад; шоҳзодаро намонад. Фаромўш карда ҳама чизро. Ў Искандар нест, балки як фарзанди асили падаргумкарда бувад, ки пас аз солиёни дароз асли худро дарёфта. Ҳолати Искандар ҳолати писарро намонад, балки падари писарёфтаро монад, ки зиёдтар дили ў сўзад ба фарзанд.
Ҳама гумон доранд, ки Искандар созад ин саҳнаро, то рўзе касе аз номеҳрубониҳойи ў таъна назананд.
«— Ман аз хуни туям, падар!»
Ин ҳарфҳоро ҳар кас ба тарзи худ шарҳ медод. Аммо аз чашми писар ашк таровид. Аз дилсўзӣ. Пармониён дарёфт, ки санг ҳам дил дорад. Сангдилтарин фарзанд ҳам дар як лаҳзайи мувофиқ баройи зодагони хеш дил об кунад.
Олимпиада чун маликайи хубон андар либоси сапед аз пеши назари Искандар хандон гузашт ва писар эътиборе надод ба ў.
Гумонаш ба вай эътибор диҳад, гум мекард падарро. Алҳол модар не, падар лозим аст ўро, падари ҷанговар, ки саропо якдигарро монанд. Балки модар халал меорад ба набардҳойи ў. Ханҷари тези ўро кунд мегардонад.
«— Туро ҳамчунин дўст дошта будам, падар!»
Искандар ҳамаро фаромўш карда буд, ҳатто майдони овардро.
Мазмун пўзиш мехост баройи гуноҳҳояш. Вале бехабар, ки суде надорад. Гумонаш мешунавад, мебахшад.
Фаромўш карда, ки баройи чӣ омада буд. Мемнон аз ёд рафта. Гўё баройи пайдо кардани ҳамин симойи сарди падар омада буд. Гўё Мақдуниёву Юнон чунин ҳайкали сарди падар надошт...
Ҳо, агар ҳайкали падарро дар чунин мулки дур дар чунин аҳвол пайдо намекард, ба қадраш намерасид.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор