Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 390 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Бигзор дигарон бикунанд инро.
— Сараш гиред!
Худдорӣ карда натавонист Искандар, вале пирмард ба пойи ў афтод:
— Ин ҷазо нест, шоҳзода! Чунин ҳукм мукофот аст баройи чунинон! Бояд ин ҳайкалро ба по рост кунад ва донад, ки барафрохтани дирафшу ҳайкалу пайкара кори саҳл нест.
— Эҳтиромам ба ту зиёд аст, пирмард, вагарна ҳукм иҷро мешуд.
Пирмард замин бўсид. Пасон амри ҳукмро ба даст гирифт:
— Биё кўмакат мекунам... ҳайкал бар поя гузорем...
Раги гардани Сирфак нарм шуд. Банди дастони аз банд раҳо кардаашро молид ва пеш рафт ва ёд овард, ки замоне ба пирмард дасти ёрӣ ёзида буд ё на? На! Боре ҳам ба ў мадад накарда. Вақти афкандани пайкара зиёд зорӣ кард пирмард, то ҳайкалро наафкананд, Сирфак гўш надод. Зиёд кушт демократҳоро, мақдуниёнро, ҷонибдорони шоҳ Файлақусро... Акнун кайфар бояд бигирад.
Аз ду тарафи пайкарайи хуфта чашм ба чашм шуданд Сирфаку пирмард. Нигоҳи пирмард тамасхуромез буд, вале нигоҳи Сирфак ғазаб дошту нафрат. Ҳар ду ба якдигар хомўшу безабон мегуфтанд: «Ку бубардор, зўр!» Ҳарчанд тиҳӣ буду қолаб, натавонистанд бардоштан. Пирмард дар паси ҳайкал наметофт ва Сирфаки хамида қомат рост намекард. Искандар ишора кард зону зананд Сирфакро. Сипаҳсолор одоб накард ва кори паст дониста ба сарбозе фармуд зону занад ба паси Сирфак. Сарбоз фармон иҷро кард. Сирфак бар ҳайкал фурў рафт ва манаҳаш бархўрд.
Сахт алам кашид ва қомат рост карда ба пас нигарист. Сарбози ҳабашсурат ба рўяш механдид. Сирфак лагад андохт бар миёни пойи сарбоз ва ў аз зарби лагад печида ба замин нишаст. Хандиданд. Вале Искандар ғазаб кард:
— Сараш гиред!!!
Пирмард боз як қад парид. Чашмонаш лоба доштанд сўйи шоҳ:
— Не, шоҳзода, ўро чунин осон набояд кушт.
Искандар ҳайрон буд чӣ мехоҳад пирмард. Бижани Бобулӣ таъзим кард сўйи шоҳ. «Аз гуноҳам гузар шоҳзода!»
— Чӣ мефармойӣ?
— Ба назари ман ҷазое баробар наояд бар он, ки ин носипос пайкараро боло кунад ба дастони хеш! – боз такрор кард пирмард.
— Охир, ў наметавонад ин корро бикунад.
— Бигзор битавонад ва донад, ки ҳайкал афрохтан кори саҳл нест!

пешина
аз 390
навбатӣ