Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

Артомидиён раммол Аристандри Талмосиро боздошт ва фармуд аён кунад, ки Мемнони порс ба куҷо паноҳ бурда.
Қабл аз он ки Аристандри Талмосӣ фол кушояд, сипаҳсолор Пармониён даррасид, ки ҷойи Мемнони порсро муайян кардаанд.
— Ман он тахмини туро медонам, сипаҳсолор... Яқин гўйӣ: ё дар Милет аст ё дар Галикарнас.
— Дар Милет, шоҳам...
Ва Аристандри раммол низ муайян кард, ки сипаҳсолори Порс андар Милет ҷой гирифта ва омодайи набард аст.
Сипаҳсолори Порс Мемнони диловар баъди он ки андар набарди соҳили Граника шикаст хўрд, Доройи III-ро бад дид, ки ба ҳарфаш гўш надод, паснишинӣ накард ва аз он рўз шиканҷа мекашад лашкаркаш ва чун хирси захмӣ шаҳр ба шаҳру вилоят ба вилоят гурезон аст ва ба ҳазор гулу гиёҳ ва андеша ё панду андарз наметавонад дарди хешро даво бикунад... Гўё Мемнон бозийи шадидро бохт ва дигарбора рўйи об омаданаш ва ё наомаданаш ба худо маълум. Сипаҳсолор сипоҳи кироя ҷамъ кард; боз аз юнониҳову порсҳо ва мисриёну бобулиён сарбозони зархарид фаро овард. Умеди асосиро ба артиши баҳрӣ баста зиёда аз сесад киштийи ҷангӣ омода сохт, нохудоёнро киштиронӣ биомўзонд.
Ҷой андар шаҳри Милет гирифт. Пасон ба Доройи Кудумон нома навишт, то ихтиёри ҷангро ба ў во гузорад... Доройи III Мемнонро сипаҳсолор ва сарфармондеҳи сипоҳи Порс донист...
Ва ин хабар ба гўши лашкаркаши бузурт шоҳ Искандари Мақдунӣ расид ва донист, ки сайди гурезон дар куҷо ва чӣ шуғле дорад...
Чанде пеш, баъди маликайи мулки Кария Айида Искандарро бо нону намак пешвоз гирифта, писар хонданаш шаҳрдори шаҳри Милет Гегесистрат пайравӣ ба бону карда, нома ба Искандар навишт ва хушнуд гардонд, ки шаҳри касногузари хушдифоро барояш тақдим мекунад. Ва ҳоло шоҳ донист, ки Мемнон он ҷо маъво дорад ва омода ба ҷанги юнониёну мақдуниён аст, ба андеша рафт. Пасон сарони ҳарб фаро хонд ва маҷлис сохт:
— Сарфармондеҳийи артиши баҳрӣ ба дўши Никонор бошад!
Ин аввалин маҷлис буд, ки Искандар бе ҳеҷ муқаддима чунин фармон дод. Пармониён сар андохт, ба андеша рафт, ки ба чӣ хотир бувад. «Шояд баройи писари сипаҳсолор буданаш чунин пеш овард ё донистанист, ки ман чӣ мегўям?» Сахт душвор буд ўро.
Зеро писарашро сарфармондеҳ мехонад шоҳ. Рад кунад, писараш Никанор хафа мешавад. Рад накунад, писарашро ба коми бало мефиристад... Ангушт мушт кард, фишурд. Дандон ба дандон монд, ҳазору як паҳлў гардонд андешаашро... билохира кафид:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор