Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 390 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

БаНди ПАНҶУМ

Искандари Мақдунӣ Дороро монда, аз пайи Мемнон мегашт чун гўспанду гург. Мемнони сипаҳсолор дар ҳар шаҳре паноҳ барад, бояд ҷанг он ҷо шавад. Гўйӣ роҳбалад аст Мемнон Искандарро. Вале ҳоло Искандар гум карда сипаҳсолори Порсро ва надонад ба кадом шаҳр сар занад..
Пархош надорад ва шаҳру вилоятҳойи сарироҳиро муфту осон мегирад: бе набард, бе талаф ва бе тороҷ низ... Дар ин миён Ликия ва Карияро муттаҳид сохт ва ёри даврони кўдакӣ Неархи юнониро сатрап хонд. Ва ба худ мегуфт, ки ин мулки Порс нест, инҳо кулбаҳойи сари роҳанд: то ба мулки Порс расидан оё аз ин сипоҳ нафаре мемонад ё на. Сахт парешон буд шоҳи Рум, ки хомўшийи пеш аз тўфонро монад вазъ.
— Ай ҷияни Аристотолис, чӣ навиштӣ? – Коллисфенро пеш хонда пурсид Искандар.
— Пирўзиҳойи шоҳи ҷавонбахтро!
— Ва танҳо?
— На, шоҳи ҷавонбахт! Пирўзиҳойи мақдуниёнро, юнониёнро... инчунин...
— Аристотолисро? Тойисро? Онаниюсро?
— На!
— Чаро?
Коллисфен китф дарҳам кашид.
— Аристотолиси бузург роҳ намуд, Тойис ҳамсафари рўҳбардори ман аст, ҳамёни хостайи Онаниюс баробари хазинайи шоҳийи Мақдуниё... Магар наярзад?
— Ин чизҳоро навиштаам, шоҳи ҷавонбахт, вале ҳамчун пирўзӣ на. Ҳар нуқта мақоме дорад...
— Офарин! Лекин ғараз аз ин ҳарфҳо дигар чиз аст. Аристотолиси бузург дархосте карда буд: «Дар Фаселида шоире гузашта бо номи Теодект тавоно ва мўътабар. Бирасӣ он ҷо, зиёрат бикун!» Ва мо расидем ба Фаселида. Бояд зиёрат бикунем... Лекин ту, дабири кабир, мефаҳмӣ, ки миёни шоиру шоҳ чӣ тафовуте ҳаст?
— Ор, шоҳи ҷавонбахт, андаке фарқ мекунам.
— Масалан?
— Масалан... Агар подшоҳон бо шамшер олам гиранд, шоирон бо қалам ба дунё шўҳрат меёбанд.
— Сухан аз оламгирӣ нест, дабири кабир, сухан аз одамгарист.
Шоҳи Рум аз пайи нобудийи шоҳи Порс аст ва баракс шоҳи Порс баройи гумномийи шоҳи Рум меҷангад... Вале як шоири юнонӣ ёд мекунад, ки агар ба Порс расӣ, гўру гўрхонайи фалон шоирро зиёрат бикун...
Ва хомўш монд Искандар, то дигарон ин ҳарфро ҳазм кунанд.
Коллисфен сар андохт: «Ин таълими Аристотолис аст ё худи шоҳи ҷавон чунин фаросат дорад?»

пешина
аз 390
навбатӣ