Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

Аристандри раммол дарҳол посух надод, балки андешид. Ростин ё дурўғин буд, ки калавид, пас гуфт:
— На, шумо баргардед... Ман... ман барнагардам. Сари маро мегиранд. Искандар сари маро мегирад! – якбора баромад аз даҳони ў ва даҳон бо каф боздошт.
Искандар як қад парид ва фарёд зад:
— Пайдо кунед ҳайкалтарошро!
Аристандр фарёд заду хандид:
— Ооо! Агар чунин нагуфтам, ҳеҷ гоҳ маро ҳайкал нагузоштӣ!
Ташаккур! Ман намирандаам, мисли шоҳ Искандар! Ўро гуфта, моро ёд мекунанд!
Искандар низ хандид аз хушгўйиҳойи Аристандр ва даст бардошта, гирд гашт. Чун маънийи чунин рафтори ўро медонистанд, ҳама хомўш монданд ва шоҳ рў овард ба раммол:
— Бигўй!
— Об – рўшнойӣ!
Искандар сарфаҳм нарафт ба ҳарфи ў, қиёфайи шоҳӣ гирифт ва пурсид:
— Фол дидӣ, ки ғарқ мешавӣ, Аристандр?
— На, шоҳи ҷавонбахт. Яқин дорам, ки киштиҳойи ҳарбӣ аз баҳру уқёнусҳо убур карда, шоҳро ба кишвари Саодат бирасонанд.
Шоҳи сархуш офарин хонд Аристандри раммолро ва хушнудӣ кард:
— Бирақс, Тойис! Ту хубтарин гетери соҳибҷамоли Отин ҳастӣ, бирақс!
Ва Тойис аз дасти Эрис кашида, ба рақс омаданд.
Сархуш чунон буданд, ки ба назари Искандар ҳайкали мармарини шоир миёни ҳалқайи гардони гетерҳо ва раққосон гирд
1 мегашт. Онон, ки дасту ба даст гирифта тавофи лоду ҳайкал мекарданд, ба чашми шоҳ метофт, ки шоир низ арғушт меравад.
— Искандаро, худоён мададгори туанд!
Хитоб кард Аристандр. Искандар ўро ба оғўш кашид ва баландтар аз Аристандр фарёд зад:
— Ба номи Зевс, ба номи Геракл, ба номи Ахилл қурбонӣ бикунед!
Ва шурўъ кард ба хондани пораҳойи достони Арасту «Ариетэ».
Ҳама бозмонданд аз рақс ва гўш доданд ба достони диловарийи Ахилл...
Шафақи субҳ медамид. Говони ғаниматиро сар мегирифтанд ба ёди Зевсу Гераклу Ахилл. Аристандри болидарўҳ, ки аз дигар вақтҳо дида ҳоло хубтар ба шоҳ наздик шуда буд, аз такаллуф,
- Асос, поя.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор