Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 390 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Вале чун чашми Искандар бар ў афтид, ки аз сармо сари санг меларзад, масхара пиндошт ва ғазаб кард ба раммоли маккор. Шоҳ даҳон мекушод дашномаш диҳад, таҳдид кунад ва пўписа, аммо мавҷ ба даҳонаш мезад, нафасгардон буд ва наметавонист бигўяд.
Ларза даромад ба андоми Аристандри пешгў. Чун мурғи аз об баромада буд. Даст мебардошт ҷониби шоҳ, манаҳаш меларзид, дандон ба дандон мезад ва гуфта наметавонист. «Ғазаб накун, бинигар ба ғазаби баҳр, чӣ харобиҳо дорад!» Ва Искандарро менамуд, ки масхара мекунад раммол.
«— Ба баҳри хунталаб афканед ўро! Қурбониаш бикунед, баҳр фурў менишинад!» – чунин гуфтанист, аммо оби ба сару рўй ва лабу даҳон бархўрда намегузорад нафас барорад. – «Хоб ба об бояд мегуфтӣ, маккор!»
«— Ғазаб накун, шоҳам! Баҳрҳо пайваста мадд намекунанд. Ҳар мадд ҷазре дорад. Ту низ аз ҷахл бифаро. Ёд овар Зевси барроқро!
Илтиҷо бикун худоёнро!»
Искандар чизе намешунид. Гўшонашро низ об фаро гирифта буд. Ба назараш тўфони Бало хеста. Ба рикоб пой тира мекунад, то қоматаш болотар бошад ва нафас кашида тавонад.
— Илтиҷо бикун Зевсро!
Искандар намешунавад. Ва чун мурғи аз об баромада худро меафшонад. Кулаҳхўду ҷавшану афзорҳойи ҷангиаш ва баргустувони Бусефал маҳин садо мебароранд. Об то рикоб, то зонуйи асб фурў меравад ва боз боло мешавад ва шоҳ наметавонад ба сангзори бари адир ҷилав гардонад. Бо пайроҳайи соҳил бояд рафт. «Чӣ густохие гузашта аз ман?» аз худ мепурсад Искандар, посух намегирад.
— Пўзиш бикун Зевсро!
Азбаски об аз сару тани Искандар лағзида буд, аранге бишунид садоро ва чашм пўшпда рў ба осмон овард. Зевс пеши назараш буд, аммо ҳарфе ба забон оварда наметавонист. Аз миёни абрҳойи тира чизе ба чашми пўшидааш расид, рўшан расид. Чун чашм кушод, дурахши барқро дид, ки синайи фазойи тира чок мекунад.
Ва ба назар зарра-зарра ба баҳр мерезад. Ба гўшаш омад, ки наъли Бусефал ба санг бархўрад. Ба дарё нигашт. Чун дамидашири ба сараш оби сард рехта фурў менишаст.
Искандар оҳи мадид кашид чун сарвару раҳнамо, ки талафот зиёд буда бошад, пасон ба атроф чашм чаронд. Афгонаҳойи баҳр андар роғу буни сангҳо, сари роҳ ва лаб-лаби дарё зиёд буданд:
танҳойи беҷон, хўду сипару афзори асбон, асбони маслух ва пойафзорҳойи дона-дона. Рўйи баҳри оромгашта сарҳойи асбон чун мурғобиҳо шиновар буданд. Ягон-ягон фурў мерафтанд он сарҳо низ ва баъди чанд муддат асбони бо тўфон истодагарӣ карда натавониста губсаросо дамида рўйи об мешуданд.

пешина
аз 390
навбатӣ