Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

— Чун асирро танҳо фиристода намешуд, сипаҳсолори вафодор маро ҳамроҳи ў фиристод, то ҳама бозгўям.
— Бигў!
— Сипаҳсолор ҳама чизро пурсида аз асир ва имон оварда ба суханҳойи ў ва дилпур гашта. Ҳарфи ўро бишнавед.
— Чӣ мефармояд?
— Бозгў ҳама гуфтаҳо!
Сосони асир таъзим овард ба шоҳ ва ба сухан пардохт:
— Дароз бод умри шоҳи одил, писари худойи юнонӣ Зевс; бурро бод забонаш, гузаро бошад теғаш! Ман ҳамнабарди Доройи Кудумон ҳастам, Сосони Ҳамадонӣ. Доро аз тухмайи Ҳахоманишиён набуда, писари Арсоми арманист. Ин ҳамаро вазири маккор Боҳуй сохта.
— Боҳуй бузургтарин вазири дунёст!
Пеши забони ўро гирифт Искандар ва Сосон муроди ўро дарёфт, ки хидмати хирсонайи вазирро дар назар дорад:
— Оре, шоҳи ҷавонбахт! Кирми дарахт аз худи дарахт. Ва назди шоҳи муборак омадани ман низ ба ин маънист. Агар шоҳи хуҷистапай аз миёни сипоҳу сипаҳбадон Линкестидро ҷўё шаванд, шояд пайдо накунанд.
— Линкестид?
— Бале, Линкестид!
— Магар чунин кас дар сафи мо буд?
— Оре, буд, шоҳи некдил. Яке аз кушандагони падари шумо.
Бо хости ў бародаронаш чун қотилони шоҳ Файлақус ба қатл расиданд...
— Ў Линкестид нест, балки Александр аст ва дар тўфони дўшина мурда.
— На, шоҳи накўкор, ў зинда. Дар назди Дорост. Дар қасди ҷони шумост. Магар касе, ки баройи хеш бародарони худро ба қатл мерасонад, ғами ҷони дигареро дорад?
Тамаллуқ ва сифатҳойи ба номи шоҳ часпондайи Сосон ба Искандар хуш наомад. Гиреҳ зад миёни абрўвонаш. Теғи чашм кард ба асиру фиристода. Сари Сосон хам дида, ғуррид:
— Кӣ фиристод туро?!
— Худам омадам, шоҳам!
— Порсӣ ҳастӣ ё юнонӣ?
— Мақдунӣ... Сосон лақаби ман аст, – ишора кард ва ба забони мақдунӣ гуфт. – Дар хидматҳойи вазир Боҳуй шарик будам.
Гўйӣ Искандар аз хоб бедор шуд.
— Чун?
— Ба даргоҳи шоҳӣ роҳ ёфтам, ба дили вазир Боҳуй ҷой гирифтам ва маро Сосони ҷосус мегуфтанд... Шабе гўё Ардашери Саввум Ох аз кўшки гардон ба об андохт... пас ҳамроҳи бародарони куштааш касеро ба ҷойи ман гўронд, вале ман то ҳанўз зиндаам ва номам Демад аст...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор