Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 390 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Туро дўст дорам, Александр. Ба ман ту лозим ҳастӣ, на доройиву мулкҳойи бегона. Онаниюс аз ҳоли ман хабар мегирад. Тойисро мепурсад. Агар ба ту Аристотолис нагуфт, ман мегўям:
«Аз макри Шарқ ҳушёр бош!» Ба хусус аз сарсаворони фавҷи фессалийӣ...
Бо эҳтиром модарат – Олимпиада...».
Искандар дерёз хомўш монд: «Сохта набошад?» суол кард ба худ ва бори дигар чашм чаронд ба ҳусни хат ва яқин кард, ки модараш навишта номаро. Пас ба Сосони асир нигарист: «Кушоед дастони ўро!»
Сосон ба шоҳ нигаристу ба фиристодайи Пармониён, вале напурсид, ки дар нома чӣ навишта буданд, ки бойиси чунин нармийи шоҳ гашт.
Искандар пеш омад, ба саропарда даромад. Дастони Сосон кушода дид, даст бар китфи ў гузошту пурсид:
— Ту чаро некӣ кунӣ бо ман?
— Устухон бўй дорад.
Искандар нафаҳмид ё Сосон фаҳмонда натавонист. Боз гуфт:
— Ду қатра симоб наздик шавад, ба як қатра шудан метозад.
— Саҳеҳ... Об агар сад пора гардад, боз бо ҳам ошност!
Бале?
— Бале!
Искандар Сосонро пеш андохта аз пардасарой баровард.
Хуршед ба қиём омада сахт тафсонда буд ҳаворо. Искандар як бор сўйи Офтоб нигарист ва зуд чашмашро бо кафи даст пўшид.
«Он бифрефта маро... Хуршед... Ман бояд бинам ва донам, ки аз куҷо тулўъ мекунад ин тортанаки зард. Бемаргийи ман дар он ҷост...»
Сосон, ки чӣ гуфтанро намедонист ва сабаби аз пардасаро бурун оварда ба чунин ҳарфҳо пардохтани шоҳ маълум набуд, фармуд:
— Искандар мурдан надорад...
— На, Искандар ҳанўз Оби Ҳаёт начашида.
— Чашида. Оби ҳаётро Аристотолис ба ў хўронда...
— Яъне чӣ?
— Аз фалсафайи Суқроту Афлотуну Аристотолис баҳра бурдан хўрдани Оби Ҳаёт бувад.
Искандар зуд чизе нагуфт, таҳаммул кард, андешид: «Яъне Аристотолис фирефта маро? На... Дуруст мегўяд. Олимпиада низ гуфта буд. Вале мани қайсар касеро гўш надиҳам...»
— Ту файласуф ҳастӣ, Сосон!
— На, файласуф на. Мисли шоҳам зиракиҳо дорам.
— Зиракиҳо дорӣ... Ва надонӣ, ки Хуршед аз куҷо тулўъ кунад?

пешина
аз 390
навбатӣ