Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 390 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Олимпиада дуруст мефармояд: душмани ман зиёд аст...»
— Сосонро баргардонед!!!
Беихтиёр фарёд зад Искандар ва ба худ омада аз лафзаш гашт:
— На. Равад! Он ҷо кори муҳимтар дорад.
Пеши назараш Александри Линкестидийи борикрў ва сипаҳсолори тануманд омад, ки яке ба бародаркушӣ ва дигаре ба хунхорӣ машҳур буд. Макр, ҳиял, қатл, одамфурўшӣ баройи эшон чизе набуд. Ба назар сукут дошт сари зин, дар амал андеша мекард, ки миёни обу оташ монда. Он сў Мемнон, ин сў Доро ва сарборӣ рафтори Пармониёну Линкестидӣ. Мақсади Мемнон маълум аст:
Искандари Мақдуниро аз хоки Порс пас гардондан ва равшан, ки бо сесад киштӣ дар баҳри Эгей шиновар аст. «Вале Пармониёнро чӣ зарурат афтода, ки ҷосус фиристад?». Искандар дунболи ин кор нагашт. Гўё чизе равшан набуд аз Александри Линкестидӣ, маълум ҳам накард. Ресмон дароз андохт.
Солест, ки меҷангад андар кишварҳойи Осиёйи Сағир. Бисёр шаҳру вилоятҳоро тасхир карда, Искандар омад то ба Гордий.
То ба шаҳре, ки то ҳанўз дар тасарруфи касе набуда, ба касе сар нафароварда, ҳатто қаламрави порсҳо набуда. Мардуми ватанхоҳ Гордийро худмухтор ва нофи замин медонистанд. Ва гардунае ниҳода буданд андар диж ва инони рамзийи гардунайи дуаспа чунон гиреҳ карда, ки абадуддаҳр касе кушода натавонад. Ва агар касе кушояд ин гиреҳро, шоҳи кишвар хонда шавад. Искандар осон ишғол кард Гордийро ва хешро ворис хонд ва афсонайи гиреҳу гардуна бишнид:
«Буд-набуд дар Фрагия ном мамлакате деҳқони камбизоате буд. Ў Гордий ном дошт. Ва ҳар баҳор бо ҷуфти гов замин кишт мекард. Боре ҳангоми кишт уқобе пайдо шуд ва тори тири ҷуфт бинишаст. Барзгар чунин ҳолро дида ҳайрон шуд ва уқобро кишк нагуфт, то чӣ шавад оқибати кор. То шом ҷуфт ронд ва олуҳ аз тори юғ напаррид… Ва чун деҳқон киштро анҷом дод, олуҳ парвоз карду бирафт. Гордий дергоҳ ин қисса ба касе нагуфт. Он сол фаровонҳосилӣ шуд... Ва рўзе Гордий як духтари талмосиро вохўрд.
Духтар раммола буд ва пешгўйӣ мекард. Ҷуфтгар қиссайи ҷуфту олуҳ ва фаровонҳосилиро ба духтар гуфт. Чун раммола қисса бишнид, ба андеша рафт ва фол кушод ва аз Гордий хоҳиш кард ўро ба занӣ бигирад. Ва ба номи худованд Зевс қурбонӣ бикунад...
Гордий хоҳиши духтари ғайбдону пешгўро баҷо овард. Баъди нўҳ моҳу нўҳ рўзу нўҳ соат аз эшон писаре ба дунё омад ва ўро Мидос ном гузоштанд. Бузург шуд Мидос, сарраммоли дарбор гашт. Ғайбдонийи худодод ва пайғамбаронайи ў ҳамаро мафтун сохт. Ҳар куҷое балво хезад, Мидос ба дучархайи меросийи падар Гордий менишаст ва он ҷо ҳозир гашта шўру балворо фурў менишонд.

пешина
аз 390
навбатӣ