Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

Талоя фиристод Искандар бо ҳар роҳ ба кўҳҳои шикан андар шикан. Пўяндагон ва ҷўяндагон обҳои нўшин пайдо мекарданд ва дучор меомаданд бо даду домҳо, вале пайдо набуд диж. Рахшони нозанинро пеши назар овард Искандар ва худ аз худ пурсон шуд, ки ғараз аз чунин шарт чист? Шояд раҳо хўрдан аз дасти ў бошад.
Фикру хаёлҳои зиёде омад ба сараш ва яқин кард, ки духтар дил надошт ўро... Вале падар паймони мардона дод.
«Ман Оксартро сатрап хонам, чаро чунин носипосӣ?»
— Биоваред ўро! Оксартро!
Оксартро биоварданд. Аммо дар қароргоҳи ў посбонҳо ва дидбонҳо гузошта буданд, то ғайб назанад Рахшон. Оксарт фармуд:
— Ман низ надонам он дижро ва роҳи равиши онро. Магар шубонон, сайёдон.
Шубонон низ оварданд, сайёдон низ.
Шубоне гуфт:
«Дар паси ин кўҳҳо кўҳест сурххок. Аз паҳлўи он роҳест.
Харкорон бо ин роҳ пайванданд бо шаҳриён ва ғориён. Он ҷо бояд таваққуф кард ва харкоронро пайдо.»
Ҳамчунон рафтор карданд. Харкоре ба харҳо бор меовард. Ба дасти роҳзанҳои Искандар афтид.
— Ин роҳ то куҷо барад?
— То девлох.
Мақдуниён «девлох»-ро макони девон фаҳмиданд ва фармуданд:
— Бинамо моро!
— Дур аст.
— Ин пайроҳа?
— Бале... На! Ин пайроҳа паси кўҳҳои дигар барад... барад...
— Бошишгоҳи девон он ҷо?
— Девон? На. Он ҷо девлох, чарогоҳи чорпоён.
— Пас диж дар куҷост?
— Диж? Диж? Надонам.
— Ғор!
— Дар ин кўҳҳо ғорҳо зиёданд.
— Ғори Ҳурон.
— Ғори Ҳурон... Ғори Ҳурон... Ғори Ҳурон... Надонам.
— Донӣ! Ва он ҷо равӣ!
Харкор нав тарсид ва ларзид.
— Моро ҳамроҳ бубарӣ!
Рўйи роҳ нишаст ў ва сар афшонд:
- Талоя – разведка, пешгард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор