Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

Ардашер бозубанди андар сари сина аз сари китфи росту зери каши чап гузаронидаро даст-даст карда хабар гирифт ва пешонабанди ба гардан фаромадаро низ даст зада, боло бардошта ба пешонӣ оварданӣ шуд ва бо чунин рафтораш ба шубон фаҳмониданӣ низ, ки ман пури Спитамонам.
— Хуб, шаб шуд, чӣ кор кунем? Ба девлох биравем, ба деҳа?
— Шумо равед, ман назди нанам истам.
— Шаб мондани ту мумкин набувад. Даррандаҳо зиёданд.
— Охир, ман равам, нанамро гург хўрад.
— На, гург мурдаро нахўрад, лошахўру шағол хўрад. Торашро маҳкам кардем, хўрда натавонад.
— На. Шумо равед, ман истам.
— Биё, шери амак, Ардашери амак, равем.
— На!
— Хайр, ба деҳа намебарам. Рост гўйӣ, ба одамони Искандар хабар дода, фурўхтанашон мумкин. Сари мол барам, касе хабар наёбад. Рафтем, ҷони амак. Субҳ надамида меоем. Модарро бурда гўру чўб мекунем.
— Э худо!...
Рахшон гирифтори хаёлҳост, ки ба шоҳ бирасад, ба шоҳи бегона; диж бегона, базм бегона, одамон бегона, ҳатто падари хуниаш бегона тобад бо рафторҳои хеш. Ба назари духтар ин базми арўсии ў набошад, балки шоҳи мақдунӣ пирўзиҳояшро ҷашн гирад ва ба баҳои сари Спитамон нўшанду рақсанд. Искандар бадном кунад барбарҳоро, кўчиҳоро, ки ҷойи зисту манзилу маъвои доимӣ надоранд ва ҳар ҷо рост ояд, айём ба сар баранд.
Ҳолиё чунин рўз ба сари худаш афтода, ору номус накарда мулки дигарон хонаи худ донад ва ҳар ҷо пеш ояд, хуш ояд. Ба назари Рахшон гарчӣ ватани ўст, ин макон бегона тобад. Макони девон ном гирифта. Вале касе собит нагардонида, ки воқеан чӣ маъвоест.
Маъвои деву ҷин бувад ё макони гурезаҳо ё макони суғдиёни дунёбезор, ки аз ваъдаи дурўғи ҳокимони замонҳои пеш ба ҷон омада, тарки ватан карда, ваҳшӣ буданро авло дониста, ин ҷо манзил гузидаанд. Ва бархе гўянд: «Худои бузург оҳи моро шунида, заминро ин ҷо фурў нишонд, то пинҳон аз чашми ҳама бошем.» Ва ҳоло ҳамин ҷойи аз чашм дурро низ бадрўд гуфтаанд, то набинанд…
Набинад, ки касони хунхору дунёталаб чунин манзили бероҳаро низ пайдо кардаанд. Аз чашми гетипўйу дунёҷўй чизе пинҳон намонад.
— Ту беназирӣ, Рахшон. Умре туро меҷустам.
Вале Рахшон чизе нагўяд, ки дурўғи навбатист. Ва сухан суде надорад, зеро Искандар сархуш аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор