Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 411 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Оксарт надонист чӣ посух диҳад духтарро, зеро ў муборак гўяд ё киноя занад, равшан набувад. Мағзи аз шароб тирагаштаи ўро суханони духтар тиратар карданд ва ў пилки чашмон ба ҳам мефишурд ва чашм кушода хубтар ўро менигарист, ки чӣ рух дода.
«Спитамон... Спитамон... Буд. Ҳоло нобуд...»
— Андешаи Спитамон ва оли ўро аз сар андоз.
— На, падар, ман ғами Спитамонро надорам. Аён набувад, ки зараву Ардашер чӣ ҳол доранд.
— Ғами онҳоро низ нахўр!
— Ғами киро хўрам?
— Ғами хешро!.. Дигар ҳама ҳеҷ... Бирав назди шоҳ Искандар.
Агар бо зара коре шавад, туро огоҳ хоҳам кард. Акнун калиди дили шоҳи мақдунӣ дар дасти туст. Ту духти бохиради манӣ.
Шоҳ Искандари зирак хоб ҳам набудааст, маст ҳам. Баробари пой аз остона дарун гузоштани арўс шоҳ бархест ва ўро хуш пазируфт. Ҳарчанд ният дошт, ки худро ба мастӣ зада, рафтору кирдори суғдидухтарро сахт мушоҳида кунад. Рўёрў истод ва дар партави шамъу машъалаҳо ўро тамошо кард: панҷа ба мўйи сиёҳу зиреҳороста ва равғанину атрогину мушкбўяш зада, пурсид:
— Кӣ киро андарз гуфт?
Рахшон филфавр посух надод. Ба худ андешид, то чӣ гўяд.
Пасон фармуд:
— Кадом фарзанд падарро андарз гуфта?
Искандарро хуш омад посух. Магар баҳона пайдо шуд, ки сахт ба танг кашид арўсро.

БАНДИ ДАҲУМ

Маликуррум се шаборўз аз дижи Ҳурон набаромада ҳамроҳи духти суғдӣ Рахшон умр ба сар бурд ва чашми айём кўр кард.
Чун Искандар ба худ омада ва аз ҳама гуна бадхўйиҳо раста, хешро дар саройи бегона дарёфт; ба ҷойи шоҳона базм оростан ғарибона ҷашну сур карданашро донист, сўҳбат дароз кард бо нисбаташ. Рахшон хуш пазируфт родмарди доно ва рамузфаҳми дунёдидаро. Духти асилзода – Рахшони таълимдида низ хуш омад шоҳи мақдуниро. Ончунон ҳамдигарро дўст доштанд, ки овозаи муҳаббаташон Суғду Бохтарро гирифт ва аз Машриқ рафт то Мағриб. Хонадони Оксарти суғдӣ низ писанд буд шоҳи ҷавонро.
Ўро рухсати ҳукмронӣ дод андар Суғд ва духти ў Рахшонро чун гетайр (савори дастаи шоҳӣ) ба горди хеш пазируфт, то дар ҳама ҳолат дур аз ҳамдигар набошанд. Вале коре шуд, ки касе чашмдор набуд: Барзинро зани ғайриқонунӣ дониста, сиға кард, то ҳамроҳи писарашон Геракл бошад ва дигар дар корҳои шоҳии ў дахолат накунад. Ва акнун донисту дарк кард, ки зани ғайриқонунӣ даъвои чизе надорад ва писари аз ў ба дунё омада иддаои валиаҳдӣ ва ё вориси тоҷу тахт надорад.

пешина
аз 411
навбатӣ