Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

Инак подоши ҳама хушрўзиву накўкориҳоро мебинад. Шоҳи барбарҳо, писари худои мисриҳо шарм накунад, бирезад он чӣ дар сиришт дорад!»
Косаи сабри шоҳ лабрез шуд. Он қадар шўриду ғурриду ғазаб кард, ки аз дур даҳон меандохт, газида гирад. Чун ўро аз рўйи одат беаслиҳа гардонида буданд, аз рўйи дастархон себро бардошта сўйи Клит андохт. Ларзиду дандон соид ва теғ меҷуст ё шамшер.
Касе теғро пас гирифт. Ҳаво омад ба дасти ў. Хуморӣ ҷониби ў дида дўхт: «Ту низ бадхоҳӣ манӣ!?»
Ба пурси Искандар касе посух надод. Балки ўро гирд гирифтанд. Боздоштанд аз нобакорӣ. Искандар зўри раҳойӣ мекард; хурўшид ва фарёд зад:
«Бинавозед!»
Ромишгарон пиндоштанд оҳангҳои рақсӣ навозанд, то аламҳо ва таънабозиҳо аз миён бардошта шавад.
«Шайпури хатар бинавозед!»
Ромишгарон, ки то ҳол тамошогар буданд, асбобҳои нав ба навохтан омода сохтаашонро паст фуроварданд. Вале садои шайпури ҷангӣ намеомад. Искандар дарафтид ба шайпурнавоз ва ончунон кўфт, ки алами Мўсо аз Исо ситонд.
Биталомуси пилзўр чун ҳама ҳайратзада буд ва имон овард, ки Искандар хотир карда Клити чу бародар ба воя расидаро кордор нашуда, алам аз шайпурнавоз гирифт:
«Сараш гиред!!!»
Равшан набуд киро гўяд. Клитро ва ё шайпурнавозро. Ёрони Клит ўро аз толори тараб бурун оварданд. Ва имон доштанд, ки ў бар нахоҳад гашт. Ў калавида дуртар рафт ва сахт алам кард таънаҳои Искандар. Шўру ғазаб дошт, дар пўсти хеш намегунҷид, чунон ки баҳр дар канораи хеш нагунҷида мадд кунад. Пеши назараш омад, ки чандин Искандарро қабза гирифта, фишурда обашро мебарорад. Лашкар пеши зўри ў чизе набувад. Сари дилаш мисли дами кўраи оҳангарӣ шинухез дошт ва нафаси ўро тез мекард ва бардор медод, ки пояш аз замин канда мешуда бошад. Нафасро боздошт. Ба чизе гўш дод. Дамаш гашт. Садои тапиши дилро мешунид. Гўё путки оҳангарӣ буд дил, ки дари синаро мекўфт. Аз ҳавои тоза гўё набзу гардиши хун андаке ба низом даромад, вале худи ў ба худ наомад. Чашми ҳамаро фирефта, тозон боз даромад ба толор ва рў ба рўйи Искандар қарор гирифт:
«Ҷангро дигарон кунанд, сипаҳсолору сипаҳбаду сипоҳ пирўз гардад... Вале достонҳо, корномаҳо, ҷангномаҳо ба номи шоҳи ҷаҳонгир... Пармониёни диловар туро то Порс расонд... Он чӣ мехостӣ, ба чашми хеш дидӣ. Аммо ўро ҷосус монда, кас фиристода, бо макру ҳиял куштӣ...»

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор