Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 411 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

«Маро бубар, падар, даррандагон чунин накунанд, ки инҳо кунанд...»
«Хомўш, осуда, мо зердаст ҳастем, бар зидди забардастон шўрида нашавад...»
«Охир ў маро лафзу қавл кард, ки дигар хун нарезад... Вагарна мемурдаму ба ў намерасидам...»
«Хаб, хаб... овоз набарор...»
«Маро бубар, падар.»
«Хомўш... Ҳам сари худатро хўрӣ, ҳам сари маро.»
«Ин хуб аст. Агар дониста будам, ҳамроҳи зану фарзанди Спитамон худро ба варта...»
«Чӣ!!! Хуб аст?! Сари маро хўранд, хуб аст!!!»
«Бале падар, хуб аст. Сар бохтан аз нанг фурўхтан хубтар аст...»
Дандони ҳокими Суғд газ-газ шуд. Вале наметавонист ба духтар садо баланд кунад ё даст. Тафсиду сурх шуду дар гирифт, вале дур аз духтар нарафт, то балое барнахезад.
Искандар сўйи эшон менигарист. Махмур, гирифта, хаста ва андаке пажмурида метофт. Чӣ андеша дошт ва нигоҳаш чӣ мехост ва дар бораи духтару падар ва ишораву хаму рост шуданҳои Оксарт ва норозиёна сар афшондани занаш чӣ фикр мекард, ҷуз худаш касе чизе намедонист. Ҳанўз ҳам шоҳ сари зону буд ва ҷисми беҷонро мемонд.
Бардоштанд ўро ва бурданд. Зиддияте надошт. Майли Рахшон накард, сўйи хеш ҳам нахонд.
Вале дертар гетерҳои солхўрда чун соҳибу канизакони шоҳ омада ўро назди Искандар бурданд. Шоҳи хирасар ба зудӣ нанигарист ҷониби зан; ё писанд намекард ва ё аз карда пушаймон буд, ки Рахшон дар ҳаққи ў андешаҳои ноҷо кунад. Шаҳбону чизе нагуфта дуртар аз шоҳ рост истод. Гетерҳо ҳама дастҳо пеши бар бо усули шарқӣ пас-пас рафтанд то дами дар ва ҳамон зайл ғайб заданд аз чашми Искандар. Шоҳ бонуро ба паҳлўи хеш хонд.
Рахшон ҳамоне ки истода буд, қарор дошт. Шоҳ худ бархост ва омада даст бар дўши ў ниҳода узрхоҳона майли бари тахт рафтан кард. Нишаст. Вале хомўш буд Рахшон чунон ки шоҳ. Яқин нахоста буданд, ки хомўшии толори пазироро халалгор гарданд.
Зеро ҳама ҷо хомўшу ором буд ба марги Клит. Ба назар олам сукут варзида буд. Ҳамин чизро Искандар дарк карда хомўширо авло медонист, Рахшон аз нафрини зиёд забони сухан надошт.
Ҳарду дам ба дарун нигарон буданд, ки кадоме пеш лаб ба сухан во мекунад. Дер кашид хомўшӣ. Искандар чанд бор ба маънии пўзиш сурфид. Аммо Рахшон эътибор надода ҳамчунон дилтангу гирифтори андешаҳо менишаст ва кўшиш дошт, ки ҳавои нафасгириашро шоҳ нашнавад. Ҳолату вазъу фазои танги толор тангтар мекард дилу гулўву қафаси синаро.

пешина
аз 411
навбатӣ