Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

— Агар маро дўст дорӣ, раҳо бикун ин ҷонварро ва дигар натарсон.
Геракл, ки аз гўшҳои заргўш сахт медошт, раҳо кардаш. Ва заргўш пеши пойи кўдак биниву мўйлаб ҷунбонида, ба ў менигаристу замин мебўйид. Ва якбора ҷаҳида фосилае дур шуд ва боз истода, гўйӣ бо ў сухан мегуфта бошад, лабу биниву мўйлаб ҷунбондан гирифт. Ва Геракл дид, ки пойҳои пеши заргўш кўтоҳу пойҳои пас дарозанд ва гўшҳои дарозаш дар офтоб шишагуна метобанд. Завқ кард ў аз зебоии ҷонварак ва гом зад ба пеш, то ўро боз дорад. Аммо баробари пой андохтани Геракл заргўш низ ҷаҳида дур мешуд. Геракл даст пеш бурда доштанӣ шуд, заргўш низ тез-тез ҷаҳид. Ў бозистода ба модар нигарист:
— Бигзор равад, ўро аз табораш ҷудо макун.
Геракл ба гиря даромад. Ва тохт. Заргўш низ тохт. Дик-дик тохт ва ҳар бори ҷаҳиданаш думи кўтоҳу пойҳои дарози пас болову поён мешуданд. Геракл тохт ва аз паси заргўш ба беша даромад.
Барзин низ бар асари онҳо тохт ва дар паси буттаи газгулу луху дарахтони хингбеду ангату зарбед, ки чавгонаш ранги почаи зоғчаро дошт, гумашон кард.
«Геракл! Ге-ракл!! Ге-ра-а-акл!!!»
Дар гўшаш беша пур аз садо шуд, вале писари ў намешунид.
Баъд ў дар таъсири афсонаҳои донистааш монда пиндошт, ки ин ҷонвараки ҳамранги замини соҳил заргўш набуда, худро заргўш сохта, омада писарашро фирефта бурд. Чунон ки Зевс гови зебое гашта духтараки нозанин Аврораро ба пушт савор карда бурда буд. Такрор шаванд қисматҳо. Ҳаросид Барзин, ки аз ҳама кас монд. Дар бешаи бегона, ки ин қадар мақдуниёну юнониёнро ба хунашон оғишта буд, ў низ ғайб хоҳад зад.
«Ге-еера-а-а-кл!»
Боз посухе нест. Вале садои суми асбон омад, ки санглохро убур мекард. Барзин аз тарс фарёди писархоҳиро низ бас кард ва хомўш дар буни лухе ҷой гирифт. Мазмун, саворон фарёди занро шунида буданд, ки даруни беша мерафтанд ва ба саросари он парешон гаштанд, то соҳиби садоро пайдо кунанд. Зеро номи Геракл ба гўшашон садо дода буд, яқин доштанд, ки каси хосташон дар ин манзили сабзи ҷо-ҷо хазондида маъво гирифта.
«Геракл!»
Садо дардоданд онҳо ва Барзин шунида, донист, ки фиристодаҳои Искандаранд. Овоз баланд накарда Барзин баромад аз байни лухзор ва рў ба рўйи саворе истод. Савор ўро нашинохта ситоми бора пас кашид ва рў ба рўйи зан қарор гирифт:
«Геракл куҷост?» – тахминан пурсид ў.
«Аз паси заргўш бирафт, гумаш кардам... Ба он сў... Ба дунболи хуршед...»

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор