Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 411 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Вале ғайричашмдошт шоҳарўс Рахшон пайдо гашт ва ҳама гетерҳо ва канизакон аз хона бадар рафтанд ва арўс бонуро таъзим овард, ки беҳтарин ва ягона маҳрами шоҳ Искандар дар олами рўшан ҳамин бошад. Вале шоҳзода Геракл, ки хешро писари ягонаи Искандари Румӣ медонист, аз наздик омадани наварўс рамид. Ба модар хешро ҷафс кард ва дуздидаву ҳаросида ба ў менигарист, ки осебе мерасида бошад. Дили Барзин аз чунин рафтор ва эҳсоси кўдакӣ раг зад ва ёдаш омад, ки қисматҳо такрор шаванд.
Чунон ки модари Искандар Олимпиада бо палонҷаш Клеопатра ва духтари ў Европа карда буд: модарро кушта, духтарчаро дар пояи кат ҳаф андохта кушта буд.
Ларзид Барзин ва бархост. Геракл аз домони ў дошта сахт кашид. Модар каме ба худ омад ва чеҳраи кушоду нуронӣ, андоми суғдиёнаи ўро дид, аммо дилу нияти ўро аз чеҳри зебояш хонда натавонист.
Геракл ҳайрон буд аз нигоҳу рўёрў истодану чанд бор сар андохта посух нагирифтани ў ва худ аз худ заргўшро рўйи хона раҳо кард. Заргўш рост давида зери домони дарози арўсонаи Рахшон ҷой шуд; суғдидухтар беозор ва тарсу будани ҷонваракро медонист, биме накард ва пой ҳам назад, ки он аз зери домонаш барояд. Шоҳзода пиндошт, ки мояндар пой кўфта дарозгўши алоро мекушта бошад, домони модар раҳо карда тозон ҷониби Рахшон рафт ва пеши пойи арўс хам хўрд, то заргўшро бигирад.
Аммо мояндар хам шуда шоҳзодаи бегуноҳро бардошт ва рў ба рўй дошта рост ба чашмонаш нигарист: «Ту аз ман наҳарос, зиёне аз ман нахоҳад расид...»
Геракл аз он ки арўсро посухе гўяд, сўйи модар нигашт ва завқ бурд. Барзин низ табассум кард ва гом зад сўйи онҳо.
«Пиндоштам дилсофтар аз худ занеро дучор нахоҳам шуд, вале будааст.»
«Низ дарёфтам, ки дар ин саройи дурушт зане буда, ки шодкомии дигареро аз шодкомии хеш пеш гузорад.»
«Ва ин кори туст, ки моро баргардонидӣ?»
«Оре... Донистам, ки бону ранҷида аз ман барбеҳуда...»
«На. Ранҷурӣ набуд... Балки бахт хостам туро... Зеро шоҳзан шудам, кўчӣ гаштам... ва...»
«Ҳоҷат набувад... Мо бояд якҷо бошем ва Гераклро (ўро ба замин гузошта) ҳамроҳ тарбият кунем.»
«Чӣ зарурате?»
«Зарурате набувад... Хостам пури Спитамон Ардашерро ҳамроҳи модараш зара тарбият кунам. Аммо онҳо гоҳи дар ғор набард кардани юнониҳо хешро ба вартаи ҳалокат андохта нобуд сохтанд.»
«Чӣ буд он? Ниҳеб ё нанг?»
«Ман надонистам... Шояд нангу ор буд.»

пешина
аз 411
навбатӣ