Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

Нури Офтоб ба чаҳор наъли наву тоза бастаи наългар бархўрда мунъакис мешуд ва пош мехўрд; замину замонро мунаввар месохт. Ҳоҷӣ дуру дароз нигариста ҳайрон монд, ки наълҳои шикаставу якмехаи пойҳои ўро кӣ нав карда бошад. Саманд ҳавойӣ омаду назди соҳибаш фуромад ва ҳамон зайле ки болу думаш фахида буд; гардани дарозаш фароз буд ва хеле қантар; сайҳа зад, кишна кард, ба ҷавлон даромад, чароғпоя шуд... Сонӣ шиҳаи ноз карда ба Ҳоҷӣ наздик шуд ва бўйид. Тозатар, ҷавонтар ва ҷилодор буд. Ҳоҷӣ, ки хеле ўро пазмон шуда буд, дастмол кард, ёлашро панҷа зад; навозиш кард ва сар ба сари ў ниҳода, хеле гуфтанӣ буд; пазмон шудану ёд карданашро гуфтанӣ буд. Аммо Саманди бараҳнапушт пеши пойи соҳиб зону шикаст. Ҳоҷӣ пиндошт, ки хумори қашаву хорумол гирифтааст. Хорумол кард. Саманд қаноатманд нагашт.
Пойҳои пасро низ шикаст. Ва гардан тофта андаке бо фўк майл дод, то соҳиб ба пушташ нишинад.
Ҳоҷӣ табассум кард: «Саратоғ мебарӣ?»
Саманд кишна кард: «Ҳа».
Ҳоҷӣ Абдуҳамид савор шуд аспашро. Ва асп соҳиб ба пушт бардошт. Ин бор парвоз накард. Балки чаҳорнаъл рафт. Ва хеле хиромон ва мавзун мерафт, то соҳиб аз пушти лучаш наафтад...
22 марти 2006

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор