Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 378 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Фаҳмашон нарасад, ки бо дон чӣ кор кунанд. Анборҳо пур; сари марзаву вотҳо, хирмангоҳҳо… чоши ғалладона пўсидаву тосида хобидааст, танҳо мусичаи нозгунҷ аз он бемалол истифода мекунад. Зеро ў мурғи ҳазрати Бифотима, касе ғайрат ё забони онро «кишк!» гуфтан надорад. Дигар паррандаҳои донахор саракҳои гоҳи дарав аз қабзаву дос афтидаро чида адо карда натавонанд… Ҳама кор дастӣ: дарав, хирманкўбӣ, бод. Бо шохаву бели чўбӣ бод мекунанд, коҳ ба замин резаду дона пешбода шавад; барбод равад. Ва ҳамин пешбода ба сари Росу рехта, ўро андаруни донаҳо бенишон кард; нафасаш гашта, ҷаста бедор шуд.
Ҳайратзада буд. Ба худу ба хоб бовар намекард. Чашмон молида ба пасу пеш нигарист. На саҳро буду на ғалла; на хирману на бодгару на шохаву бел. Лекин нимхобу нимбедор пеши назар омад ё овард, ки хирман бод кунанд ва зери донаҳо монда гўр шавад. Дар асл аз ҳеҷ чиз дараке набуд.
Шикамро даст-даст кард – холӣ; ба камар часпида. Маълум, ки ҳеҷ гуна дона нахўрдааст; шикамаш ҳам варам накарда, балки аз гуруснагӣ танбўр навозад. Ва барои як дона гандум дилаш гум зад. Дандонҳояш ҳам хориш доштанд. Бояд ягон чизро газад. Дар Хазина ҷуз гарду чанг ва пайи пойи мушони бегона чизе нест.
«Лаънат! Лаънат ба тороҷгарон! Чизи ба дасташон афтодаро хўранд. Сер шаванд, ба ҷайбашон, ба бағалу пойи эзоррағзаашон андозанд!».
Росу андешаи зиёд накарда тозон рўйи замин буромад. Шитобзада ба тахт нишаст. Ва нақшаи раҳораҳ дар саҳифаи сафеди мағзи сар кашидаро амалӣ гардониданӣ шуд. Вазири дасти рост Роҷу ва пайковари беназир Ҷосуро пеш хонд. Фармуд саррамолро низ оваранд.
Оварданд. Росу хоб гуфт. Таъбир хост. «Хоби нағз! Гандум
– ризқ!»» гуфтанду монданд. Росу қонеъ нашуд аз донишу таъбири эшон. Арбада карду сиёсат. Вазири дасти рост, ки хоби ўро дар дил «хоби девонаҳо» медонист, забон кушод:
— Олампаноҳ! Ҳеҷ мумкин нест, ки деҳқон ба умед дона ба хок андозаду ин қадар машаққат кашида ғалла ғундораду коҳ хўрад ва дон андозад…
Росу ғазаб кард:
— Ман дидам! Бо ҳамин чашмони тангам дида, бовар накардам. Чашмонамро калонтар кушода, зеҳн монда, дидам, ки бо шохаву бел хирман бод мекунанд, коҳаш ба замин рехта чош шавад ва дона пешбода равад. Шумо ба ҳамин чашмони ман, ки дар тўли умри кўтоҳам ин қадар дидааст, бовар намекунед!?
— Бовар мекунем, Олампаноҳ! (Аввалин бор ин рутба аз забони вазири дасти рост ба Росу часпонида шуд ва минбаъд як калимаи нестандарҷаҳони мушон гашт). – Гуфт Ҷосу (Аслан Ҷосус. Барои бо номи худаш ҳамқофия шудан Ҷосу гўяд Росу.) ва афзуд: – Ман ҳамчун фиристодаи шумо, қариб рўйи Оламро гаштам, вале надидам, ки халойиқ коҳ хўрда дон андозанд…

пешина
аз 378
навбатӣ