Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 378 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Гуфта наметавонам. Гунаҳгор мешавам... ё шудам.
— Бигўй!
— Бубахшед маро! Шумо онҳо барин не! Онҳо дигархелтар.
Худашон аз гушнагӣ мурданӣ. Доштаашонро нахўрда, ба бемор баранд.
— Ана ин одамгарӣ. Мо ин хел не. Мо ҷамъ мекунем... Ҷосуро даъват бикун! Ў меёбад!
«Наход ман раққоса гуфта бошам? Чӣ хел раққоса? Чӣ лозим раққоса? Мурдаро монда, тутхўрӣ… аҳд кардам, ки то хаммаву чошҳои гандум ва бойигарии Сангистонро пайдо накунам, ягон чиз пеши чашмам наменамояд…»
— Биё, гуфта будед, Олампаноҳ?
— Биё, нагуфтаам, «биёяд!» гуфтам!
— Омадам.
— Мо ба куҷо афтодем?
— Ба Сангистон.
— Медонам, ба Сангистон… Лекин ягон рўшнойӣ ҳаст?
— Кўҳҳову шахҳояш баланд. Офтоб дер менамояду зуд пинҳон мешавад.
— Табъи дили мо. Ба чашми Мушгир камтар метобем.
— Нагўед, Олампаноҳ. Ман ба Морг рафта будам…
— Ба куҷо рафта будӣ?
— Морг. Ин ҳамин хел ҷой, ки касони бесоҳиб муранд, он ҷо бурда мепартофтаанд, то соҳибаш пайдо шудан. Аз мо ҳам чанд мурда дар он мурдахона.
— Чӣ хел?
— Аз бенизомӣ ва қоидаи роҳгузариро надонистан зери чархи мошинҳо монда, рўдаву рўбчакашон баромадааст.
Росу сар андохта вонамуд кард, ки ғамӣ шуд. Лекин Ҷосу ақлу заковат ба кор бурда ўро аз хиҷолат бароварданӣ шуд:
— Олампаноҳо, аз гуноҳам гузаранд, як чиз мегўям.
— Гуфтан гир.
— Дар ин мамлакат эътибори мору Мушгир аз ҳама боло будааст.
— Аз куҷо донистӣ?
— Дар тори боми Морг сурати Мушгир ва дар назди дараш нишони мори гирди қадаҳ печида.
Росу боз ба фикр рафт. Баданаш ларзид ва ба худ омада гуфт:
— Дар ин мамлакат ба душманони мо эҳтироми зиёд доштаанд… Ман акнун хоб меравам… Дар хобам ҳамааш аён мегардад.

Ва Росу он шаб хобе надид.. Чунки он шаб тамоми шаб хобаш
набурд. Сабаби набурдани хоб ин буд, ки рўзномаҳо дар саҳифаҳояшон «Вабо омад!»

пешина
аз 378
навбатӣ