Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

«Ҳамин фикрҳо аз куҷо ба сари шумо меояд?»
«Хондан даркор. Худодод ҳам мешавад. Худованд дар чандин давру замон вакилашро миёни халқ мефиристад; нохонда, бесавод бошад ҳам, худи Худованд дар даҳонаш меандозад. Ў мўҳтараму мўътабар мегардад… Ту ҳоло ба пурси ман посух нагуфтайӣ…
«Кадом пурс?»
«Савганд ёд накардайӣ. Чашмонатро мепўшӣ, мекушойӣ, ихтиёрат. Ба ман нигоҳ мекунӣ, намекунӣ, ихтиёрат! Дилат соф бошад!...»
«Чӣ гўям?»
«О, ту! Фиристодаи як мамлакати пешрав, намедонӣ, ки дар мамлакатдорӣ чӣ гўён қасам мехўранд?»
«Қасам мехурам, ки дигар намекунам!»
«Дигар чӣ намекунӣ?»
«Дуздӣ, ғаррӣ, одамкушӣ, хонасўзӣ, талаву тороҷ…»
«Хайр, ин корҳоро ҳамроҳ кардем! Ман ҳам дигар намекунам.
Кори мо акнун як ҷо шишта, хўрдану… фармон додан!»
«Шумо акнун, Олампаноҳ! Як умр шоҳ ё сарфармондеҳ мемонед! То замоне, ки...»
«Чи-чу!»-и баччаи муш баромад. Росу сўйи Ҷосу суоломез нигарист. Ҷосу сар андохт: «Ҳамааш баччаҳои Роҷу. Хаппак чунон корҳое кардааст, ки… Мову шумо тамоми роҳ ва ҳоло ҳам гирифтори ташвишу ғами худамон, лекин вазиратон хапу дам, раҳораҳ тохтааст».
«Не-е, як вазир ин қадар корро карда наметавонад; ин кори ҳама бояд бошад: кори хидматгорҳо, ронандаҳо, устодон ва ҳама!
Чунки аз омаданамон вақти зиёд нагузаштааст. Ин беваҳо дар мулки худамон ин корро карда, аз шарм ба лашкар ҳамроҳ шуда будаанд, то ба ҳисоби сарбозҳо гузарад. Лекин фикр накарданд, ки дар ин замона, дар чунин аҳвол хўрондану пўшондани бепадарҳо саҳл нест. Бепадар калон кардани баччаҳо… Ё сағирхона кушоем?»
«Фикри дуруст! Ба мо сарбоз лозим. Бигузор бисёртар зоянд.
Ёрии башардўстона меояд. Корҳо хуб мешавад. Бисёртар!»
Болойи мурда – сад чўб, ташвиш зиёд шуд: мушони як баст ба шикору дуздӣ мерафтагӣ ду баст мерафтанд. Дар хоки ҷангзада, ки ҷуз чангу бод чизе набуд, даҳ баст кор кунанд ҳам, чизе ба даст овардан имкон надошт. Баракс онҳо ба афту андоми бадашон:
сиёҳи хукмонанд, думашон қар-қара, бўйгири беқарор, нописанду бефаросат ба ягон чиз эътибор намедиҳанд. Дар ҳама ҷо ҳозир:
дар роҳу пайроҳа, хонаву ошхона, мабразу оғил, саройи одамон, саройи мошинҳо, меҳмонхонаҳо, хулоса, дар ҳама гўшаву канори мамлакат. Ба хусус, партовгоҳҳо ва бемористонҳо, Мурдахона ҷойи дўстдоштаашон. Ҳолдонҳо мегўянд: «Дар умри сарамон якумин бор мебинем, ки муш нўг-нўги дарахт гашта чормағз ҷамъ оварад; миёни танаи дарахтро сўрох карда, захира намояд, бо бадани ток тори хавоза баромада ангур хўрад; синаи бузу гўсфандро маккад; хами зонуи мурғро чун хомўшак нойча монда, хунашро фурў кашад!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор