Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 378 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

гўён мушт ба ҳаво мебардоранд. Ана масалан шумо, Олампаноҳ! Дар умратон аз касе як доллар нагирифтаед. Оё аз раиятҳои шумо ягон кас ин корро кардааст?
«Не!»
... Раҳмат ба падаратон! Ҳама чиз аз боло пайдо мешавад.
Танҳо чизҳои сабзанда аз паст неш кашида мебароянд ва бо нерўи худашон сўйи Осмону Офтоб равона мегарданд. Шумо, ки аз сар хўрданро ёд додед, ҳама ин корро такрор мекунанд. Зеро ҳама бало дар сар аст. Дар замонҳои қадим ҳам сар мебуриданд.
Баччаи Одам ҳам куштор ёд доданӣ шуда (боз аз нодонӣ) сангро бардошта ба сари бародари хобида зад. Чунки Шайтон ҳамин хел омўхта буд: сангро бардошта ба сари мор зада кушт. Шумо Аввалодам набошед ҳам, ин усули кушторро оммавӣ кардед. Ин аҳамияти байналмилалӣ дорад. Дар оянда дар ин бора зиёд мегўянд ва номи Росуйи кашшоф дар рўйи ливои башардўстон насб мегардад! Маро чун дигарон дил дигару забон дигар нест. Он чӣ дар дил ҳаст, ба забон меояд. Ҳоло ҳамин қадар гуфта метавонам, ки зудтар аз ин кишвар кўч бандед. Дар ин ҷо дигаргуниҳои бузург мешавад. Ҳамаи шуморо дар қафасҳои оҳанӣ гирифта дар мактаби таҷрибавии мамлакат чун асбобҳои айёнӣ, ба танатон либосҳои оҳарии сафед пўшонида, рўйи мизи ҷарроҳӣ хобонида, наркоз дода чоку барчок мекунанд ва боз пўстатонро бо ҳам медўзанд. Чунки шумо ба одам биёр монанд ҳастед: хусусан дуздиҳоятон ва муфтхўриатон. Узвҳои даруниатон ҳам. Тарзи тафаккуратон ҳам; пасандоз карданҳоятон ҳам; ба он дунё луччак рафтанатон ҳам. Он қадар, ки шумо медуздеду захира мекунед, ягон ҳайвони дунё ин корро намекунад. Ҳатто фил, гов ҳам намекунад ин корро. Ёфтагиашро мехўрад: «Фардо худо подшост!»
мегўяд. Лекин шумо – мушҳову одамҳо, тамоми пулҳои бонкҳои оламро дуздед, боз кам. Чунки нафс, ҳарисӣ, чашмтангӣ, ният, носерамӣ ва бадкории ҳардуятон як хел. Аз он дунё; аз пурсу гурзу шиканҷаи Мункару Накир андеша надоред, ба ҳамон хотир дар ин дунё ҳама корро мекунед; дасти ғорат боздошта наметавонед.
Дар бостон дасти дуздро мебуриданд. Ҳозир махсус барои дасти дуздон дастпўшакҳо месозанд, то нақши ангуштон боқӣ намонад.
Ин ҳам як ғамхорӣ. Зеро дузд дуздро дар шаби тор ҳам шиносад.
Барои дуздиву ғорату қатл донишгоҳҳои махсусро хатм кардан зарурате надорад. Як телевизор лозим, ки дар толори кушод мониву тамошо бикунӣ. Ҳамааш андаруни ҳамон сандуқча ҳаст. Ёд медиҳад. Роҳҳои куштор, тарзи ғорат, дуздӣ, корҳои ношаръӣ ва ҳама гуна аҳриманиро тамошо мекунӣ. Як оламе шудааст, ки аз нав сохтан лозим меояд. Валек аз Олами кўҳнаву фасурда ва гандида набояд ягон нафар ба Олами тозаву озода гузарад. Даҳони ҳама сўрохиҳоро бояд сурб рехт, ки дандони мушҳо нагузарад.

пешина
аз 378
навбатӣ