ПАНҶОҲ ВАРАҚ ХАНДА

Дар нашри маҷмӯа дӯсти азизу меҳрубонам – сармуҳаррири рӯзномаи “Хатлон” Носирҷон Маъмурзода ҳиссагузор аст, ки барои ин аз вай як умр миннатдорам. Сано бодо ба Носирҷони Маъмур, Ки бар мо мерасад з – ӯ лутфи бисёр.
Ахбор · 7 ноябри 2024 · 15 саҳифа
ҶЕНТЕЛМЕНТ
(Саҳначаи ҳаҷвӣ)
Иштирокдорон: Мӯйсафед ва Ҷавон
Мӯйсафеде болои курсии пушти хонааш, ки аз назди он мошинҳо мегузаранд, нишастааст. Ҷавоне меояд.
Ҷавон. Ассалому алайкум, бобо.
Мӯйсафед. Воалайкум ассалом, писарам.
Ҷавон. Маро нашинохтед, бобо?
Мӯйсафед. (Ба вай синчакорона нигариста) Ба назарам шинос метобед, писарам. Гӯр пирӣ шавад, ки ҳеҷ ба ёд оварда наметавонам.
Ҷавон. Ман Муродалӣ, писари раҳматии Ҷаъфар
Абдуллоев.
Мӯйсафед. Эҳа, ҳоло ман писари худораҳматии
Ҷаъфар гӯед?
Ҷавон. Бале, писари Ҷаъфар Абдуллоев.
Мӯйсафед. (Дигарбора бо ҷавон дастакӣ вохӯрӣ карда) Марҳум одами тилло буд гӯям, хато намекунам.
Ҷояш ҷаннат шавад, бо ман ошнои ҷонӣ буд. Як қулт об беҳам аз гулӯякамон намегузашт.
Ҷавон. Яъне мо падарошно будаем. Ҳамин хел, ки бӯи падарам мекунед.
Мӯйсафед. Ҳоло ман бародари Аловиддини ҷентелмент гӯед?
Ҷавон. Бале, бародари Аловиддин. Мӯйсафед. Истед, ки шумо чикораеду ба куҷо рафта истодаед?
Ҷавон. Дар идораи телефонҳо кор мекунам.
Мӯйсафед. Дилҳоро бо ҳам мепайвандам гӯед?
Ҷавон. Касби мо ҳамин хел, бобо.
Мӯйсафед. (Даст ба дуо бардошта) Ба касбу коратон баракат диҳад, писрам. Акнун равед, ки боз ба кор дер намонед. Ҷентелментро аз номи ман салом расонед.
Ҷавон. (Рӯзи дигар боз ба назди мӯйсафед меояд)
Ассалому алайкум, бобоҷон.
Мӯйсафед. Воалайкум ассалом, Муродалиҷон, биёед, биёед. Меҳр дар чашм.
Ҷавон. Ман ба шумо ин дафъа як туҳфача овардам, бобо.
Мӯйсафед. Туҳфача? Ҳарчи расад аз дӯст накӯст.
Ҷавон. (Коғазпечеро кушода) Бале, мана ҳамин бандро.
Мӯйсафед. (Бандро гирифта ба он бо ҳайрат менигарад). Писарам, ман ҳоло девона нашудаам, ки худамро фалақ андозам.
Ҷавон. Чаро худатонро фалақ меандохтаед? Ин банди сеҳрнок, бобо.
Мӯйсафед. Ба ростӣ?
Ҷавон. Дурӯғ гӯям, каппам дуд кунад. Мисли асои ҳазрати Мӯсо садуяк муъҷиза дорад.
Мӯйсафед. (Нобоварона). Он чӣ хосият доштааст?
Ҷавон. Хосияташ ҳамин, ки ҳоло замон замони иқтисоди бозаргонӣ, бобо. Ҳар кас чи хеле хоҳад, ҳамон хел муллоҷиринг кор мекунад. Масалан, як гурӯҳ ҷавононе, ки куҳро зананд, талқон мешавад, аз рӯи ҳамин банд дарза - дарза пул меёбанд.
Мӯйсафед. Шарм намедоранд?
Ҷавон. Шарм - дар бозори чарм. Ҳоло дар ҳама ҷо ҳамин хел. Дар раҳу рӯ банд кашида, худам шоҳу табъам вазир гӯён он ҷо худсарона истгоҳ месозанду чойпулӣ мерӯёнанд. На зӯри БДА ба онҳо мерасаду на кормандони мақомоти андоз. Худашон медонанду дави аспашон.
Мӯйсафед. Касе пишаки онҳоро пишт намегӯяд?
Ҷавон. Сода будаед, бобо. Пушт доред, мушт доред, гуфтаанд.
Мӯйсафед. Рост писрам, рост.
Ҷавон. Дар сар ақл аст, ҳама кор саҳл аст.
Мӯйсафед. Кори нокарда шоху дум дорад. Ман чӣ кор кунам?
Ҷавон. Аз зиндаи бекор мурда беҳ. Бе ин ҳам шумо, бобо рӯзи дароз бекор менишинед. Чӣ мешавад, ки як истгоҳча созед. Як нӯги бандро (дарахтеро нишон дода) ҳу, ана ба ҳамон дарахт баста, нӯги дигарашро дар даст нигоҳ медоред. То чойчақа напартоянд, мошини ягон ҷонзодро даромадан намонед. Ҷоякатон наздики бозору серравған. Ронандагон аз тарси БДА-ҳо мошинҳояшонро дар истгоҳи шумо мемонанд. Худододаро ба шаби ҷамъа чӣ кор гуфтаанд. Ба саракатон борони пул мерезад, медонед, борони пул, бобо.
Мӯйсафед. (бандро аз дасти ҷавон гирифта) Ҷавон бошед ҳам, Афлотуни тайёр будаед. Маълум, ки оянда доред, писарам.
Ҷавон рафта, чанд рӯз пас мошинсавор меояд.
Ҷавон. (Истгоҳро дида) Истгоҳ муборак шавад, бобо.
Мӯйсафед. Ташаккур писарам, ташаккур.
Ҷавон. Иҷозат медиҳед, ки ман мошинамро дар истгоҳатон гузорам, бобо? Корам заруру тез рафтанам лозим.
Мӯйсафед. (Нӯги бандро дар даст дошта) Даст дастро мешиносад. Як сомониҷон партоеду чорчархаатонро бурда бемалол дар истгоҳ мондан гиред.
Ҷавон. (Норозиёна). Аз мост, ки бар мост. О, бобо, ҳамин ҳиллаи шаръии пулёбиро ман ба шумо нишон додаму аз ман ҳам ҳақ талаб мекунед?
Мӯйсафед. Чӣ тавре худатон гуфтед, ҳоло замон замони иқтисоди бозаргонӣ, ҷонакам. Бепул суханат асар надорад. Хоҳед, ки ба кор дер намонед, хубаш тезтар чойчақаро партоед, набошад аз ин ҷо киш!

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё