Зеҳн
Психологияи умумӣ, синнусолӣ ва тиббӣ

Дастури таълимӣ барои донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино. Дар он асосҳои психологияи умумӣ (эҳсос, идрок, хотира, тафаккур, ҳиссиёт, ирода, шахсият), хусусиятҳои психологияи синнусолӣ ва масъалаҳои психологияи тиббӣ, деонтология ва психотерапия баррасӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 223 саҳифа

ИлмТибТаҳсилот
Аз аввал хондан

Мустақилона иҷро намудани машғулиятҳои лабораторӣ, навиштани рефератҳо, мустақилона дида баромадани материали таълимӣ ва ғ. шароитҳои асосии ташаккули тафаккури фаъол, мустақил ва эҷодии хонандагони синфҳои болоӣ мебошад. Фаъолияти фикрӣ бо дараҷаи баланди ҷамъбасткунӣ ва абстраксия намудан, бо маҳорати исбот карда тавонистани ҳақиқат ё дурӯғи ҳодисаҳои алоҳида, бо майл ба шарҳи сабабии ҳодисаҳо доштану хулосаҳои аниқ баровардан тавсиф дода мешавад. Танқидии тафаккур тараққӣ мекунад. Ҳамаи ин барои ташаккули тафаккури назариявӣ, қобилияти дониста гирифтани қонунҳои олами иҳотакарда, қонунҳои табиат ва тараққиёти ҷамъият ва инчунин ҷаҳонбинӣ заминаҳои асосӣ ба шумор мераванд.
Ҳамин тариқ, синну соли навҷавонӣ давраи тараққиёти ахлоқӣ, ақлӣ ва психикии шахс ҳисобида мешавад.
Умуман, омӯзиши мафҳумҳои асосии психологияи умумӣ ва синну сол моро бовар мекунонад, ки шахсияти одам як чизи доимӣ набуда, балки мудом тағйирёбанда аст ва аз ин рӯ протсессҳои психикӣ, хусусиятҳои индивидуалӣ-психологӣ, фардият, мизоҷ, характер ва қобилияти шахс ҳамеша дар фаъолияте, ки ба табиат, ба одами дигар ва ба худ равона мешавад, зоҳир мегарданд, ташаккул меёбанд ва тараққӣ мекунанд.
ПСИХОЛОГИЯИ ТИББӢ
Предмет ва вазифаҳои психологияи тиббӣ
Ҳолати психологии бемор ба пайдоиш, хусусиятҳои зуҳуроти клиникавӣ, пешбинии беморӣ, натиҷабахшии чорабиниҳои муолиҷавию

пешина
аз 223
навбатӣ