Психологияи умумӣ, синнусолӣ ва тиббӣ

Дастури таълимӣ барои донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино. Дар он асосҳои психологияи умумӣ (эҳсос, идрок, хотира, тафаккур, ҳиссиёт, ирода, шахсият), хусусиятҳои психологияи синнусолӣ ва масъалаҳои психологияи тиббӣ, деонтология ва психотерапия баррасӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 223 саҳифа
илмҳои конкретии тиббӣ (ҷарроҳӣ, терапия, фтизиатрия, онкология ва ғ.) дида мебарояд.
Таассури (реаксияи) шахс ба беморӣ
Таассури шахс ба беморӣ дар як қисми беморон мувофиқи касалӣ буда, дар дигарон дар шакли аксуламалҳои психогенӣ, неврозӣ ва рӯҳафтодагӣ зоҳир мешавад. Сифатҳои шахсияти одам на танҳо дар муносибати ӯ ба касалӣ, балки дар зуҳуроти беморӣ ва ҷараёни бисёр касалиҳо низ каму беш инъикос мегарданд.
Таассури шахс ба касалӣ аз бисёр омилҳо вобастагӣ дорад.
Масалан, тасаввуроти худи бемор дар бораи ин касалӣ, шахсияти бемор, муносибати атрофиён ба касалии беморро махсус қайд кардан зарур аст.
Хусусияти ташхис, тағйироти ҷисмонӣ ва зоҳирӣ, дигаргуншавии мавқеъ дар оила ва ҷамъият, маҳдудият ва маҳрумиятҳои зиндагӣ бо сабаби касалӣ, зарурати табобат (амбулаторӣ, статсионарӣ, ҷарроҳӣ) ва ғайра ба аксуламали шахсият таъсир мерасонанд.
Таассури шахс ба касалӣ аз синну сол низ вобаста аст. Ба ҳамон як касалӣ намудҳои гуногуни таассур мушоҳида мешавад. Масалан, дар ҷавонон касалӣ метавонад ба вайроншавии нақшаҳои оянда оварда расонад, барои шахсони миёнсол бошад, ба иҷро намудани мақсадҳои пешгирифта монеъ мегардад, аз тарафи пирон бошад, ҳамчун оқибати ногузир дарк карда мешавад. Мувофиқи таассури шахс духтур ҳам бояд ҳангоми суҳбат дар асоси ба ҳисоб гирифтани имкониятҳои бемор ба ӯ мақсади нави зиндагиро ба вуҷуд оварад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор