Психологияи умумӣ, синнусолӣ ва тиббӣ

Дастури таълимӣ барои донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино. Дар он асосҳои психологияи умумӣ (эҳсос, идрок, хотира, тафаккур, ҳиссиёт, ирода, шахсият), хусусиятҳои психологияи синнусолӣ ва масъалаҳои психологияи тиббӣ, деонтология ва психотерапия баррасӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 223 саҳифа
ҳангоми онҳо оқибати амалу рафтори худро ба ҳисоб намегиранд. Ин гуна шахсон дар ҳолати ҳаяҷон серталаб буда, ба атрофиёни худ хурдагир мешаванд. Аммо агар нисбат ба худи онҳо ягон кас хурдагирӣ кунад, ба шунидани он тоқат надоранд. Ба одамони ҷунунии ҳаяҷоннок дошта бедиққатӣ хос аст ва он ба иҷрои корҳое, ки бояд бо диққат иҷро шаванд, халал мерасонад. Барои ҷунунии ҳаяҷоннок дар зер як мисол меорем.
Дар бемор аз овони кӯдакӣ хислатҳои оташинӣ, зудранҷӣ, кинаҷӯӣ ва дар баробари ин суботкорӣ, мақсаднокӣ ва пуртоқатӣ дар дарсҳо зоҳир мешуд. Хеле барвақт аз падару модар маҳрум шуда, дар дасти холааш тарбия ёфта буд. Бемор мактаби миёна ва олиро бомуваффақият хатм намуда, зиёда аз 30 сол дар соҳаи авиатехника кор кард.
То вақтҳои охир аз уҳдаи кор мебаромад ва ҳар замон ба корҳои душвортар гузаронида мешуд. Худи бемор, занаш ва ҳамкоронаш характери «вазнини» ӯро қайд менамуданд. Ӯ серталаб, суботкор, ҳар чизеро, ки мақсад мекард, аз роҳаш намегашт, аз ҳад покизакор буд, ба хона баргаштан замон тафтиш мекард, ки ҳама чиз дар ҷои худаш ҳаст ё не.
Оташинмизоҷ ва бадқаҳр буд, аммо дар ҷои кор ба гуфти худаш, то дараҷаи «ифротӣ» камтар мерасид ва ба гуфти ҳамкоронаш, ҳангоми оташинӣ сарашро бо дастонаш дошта, худро ором мекард. Ба гуфти занаш ӯ дар зиндагии оилавӣ бисёр тоқатфарсо буд: аз занаш дар масъалаи тарбияи фарзандон «принсипнокӣ» талаб карда, худаш бошад вобаста ба кайфияти рӯҳияш гоҳо соатҳо ба фарзандон дарси ахлоқу одоб меомӯхт ва гоҳо бо хурдтарин гуноҳ ҳам онҳоро лат мекард.
Агар аз ягон чиз оташин шавад, чунон хатарнок мешуд, ки гоҳо ба занаш дар ҳавлии ҳамсояҳо шабро рӯз кардан рост меомад. Аммо дар тӯли 16 соли зиндагии оилавӣ ягон бор ба занаш даст набардошта буд. Ба оила дилбастагӣ дошта, ғамхор ва нисбат ба худ дар масъалаи ахлоқ сахтгир буд. Дар давоми ҳаёташ гоҳо шабонарӯз ва гоҳо соатҳо ғамгин менишаст ва хоҳиш мекард, ки ба ӯ кордор нашаванд. Ғайр аз ин, гирифтори сардарди хусусияти мигренозӣ дошта буд. Ягон вақт дар ҳолат, рафтор ва характери

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор