Психологияи умумӣ, синнусолӣ ва тиббӣ

Дастури таълимӣ барои донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино. Дар он асосҳои психологияи умумӣ (эҳсос, идрок, хотира, тафаккур, ҳиссиёт, ирода, шахсият), хусусиятҳои психологияи синнусолӣ ва масъалаҳои психологияи тиббӣ, деонтология ва психотерапия баррасӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 223 саҳифа
шаванд ва ба хешону наздикон талабҳои худро амр намоянд. Одамони ин гуна касалӣ дошта доимо аз саломатии худ хавотир мекашанд. Онҳо хастагиро ҳамчун аломати касалии ҷиддӣ ҳисоб мекунанд, аз ин рӯ ҳамеша ба ҳиссиётҳои дохилии худ диққат медиҳанд, гӯш ба худ мекунанд.
Дар ҷунунии параноялӣ шахс ба тасаввур намудани идеяҳои фавқулодда майл мекунад. Ин гуна идеяҳо баъди пайдо шуданашон шахсони ҷунунии параноялӣ доштаро дуру дароз тарк намекунанд ва тадриҷан хусусияти бартаридошта пайдо карда, минбаъд рафтори онҳоро идора мекунанд.
Омилҳои пайдоиши ин гуна идеяҳо гумони бевафоии зан ё шавҳар, эътироф накардани пешниҳоди ихтироъкорӣ ва ғайра шуда метавонанд. Ин шахсон ақидаҳоеро, ки ба худи онҳо маъқул нест, писанд намекунанд.
Ба шахсони параноялӣ бовар накардан, гумонбар шудан ва тавассути он мардумгурезӣ хос аст. Онҳо идеяҳои худро (ихтироъ, нақша) ба ҳеҷ кас нишон додан намехоҳанд, гумон мекунанд, ки касе онҳоро дуздида ба мақсадҳои худ истифода мебарад. Агар талабу хоҳишҳои ин гуна шахсони бемор қонеъ нагардад, онҳо ба ҳимояи ҳуқуқҳои гӯё вайроншудаи худ бармехезанд. Агар онҳо донанд, ки атрофиёнашон ба онҳо боғараз муносибат карда, ба қадри кори онҳо намерасанд ё махсус халал мерасонанд, ба идораҳои болоӣ навиштани шикоятро сар карда, барқароршавии ҳақиқатро талаб мекунанд.
Касоне, ки ҷунунии психастеникӣ доранд, ба гумонбарии доимӣ, нобоварӣ ба худ, амалиёти худ ва дурустии рафтори худ майл доранд, дар муносибат бо атрофиён дудилагӣ зоҳир мекунанд. Ба онҳо ҳаяҷону изтироб ва нобоварӣ хос аст. Муносибати онҳо бо дигарон баъзан хеле мураккаб мешавад. Онҳо суханону рафтори худро назорат карда, дуруст ё нодурустии рафтору сухани худро аз нав тафтиш карда меистанд. Пеш аз он ки ба ягон амал даст зананд, ба мақсаднокии он шубҳа намуда, ба он дер

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор