Психологияи умумӣ, синнусолӣ ва тиббӣ

Дастури таълимӣ барои донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино. Дар он асосҳои психологияи умумӣ (эҳсос, идрок, хотира, тафаккур, ҳиссиёт, ирода, шахсият), хусусиятҳои психологияи синнусолӣ ва масъалаҳои психологияи тиббӣ, деонтология ва психотерапия баррасӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 223 саҳифа
индивидуалӣ) ё якбора ба гурӯҳи беморон (таъсиррасонии рӯҳии гурӯҳӣ ё коллективӣ) равона карда шавад. Духтур ин ахборро метавонад ҳангоми алоқаи бевоситааш бо бемор ё ба воситаи сабти овоз (лентаи магнитӣ, кассетаҳо), бо радио (сеансҳои таъсиррасонии рӯҳии коллективона дар хобгоҳҳои беморон), туфайли оинаи нилгун, кино (филмҳои табобатӣ) гузаронад.
Муолиҷа бо воситаи таъсиррасонии рӯҳиро ба навъҳои умумӣ ва ҷузъӣ ҷудо мекунанд. Муолиҷа бо воситаи таъсиррасонии рӯҳии умумӣ маҷмӯаи омилҳои рӯҳии таъсиррасонӣ ба ҳама навъи беморон мебошад, ки мақсади он мубориза бо касалӣ, инчунин дар атрофи бемор сохтани муҳити ҳимоякунӣ-барқароркунӣ мебошад, ки он осебёбии рӯҳиро пешгирӣ мекунад. Дар ин ҳолат ин навъи табобат ҳамчун воситаи ёрирасон ҳисоб мешавад. Истифодаи он дар ҳамаи дармонгоҳҳо зарур аст. Муолиҷа бо воситаи таъсиррасонии ҷузъӣ бошад, дар чунин дармонгоҳҳое истифода мешавад, ки дар он ҷо усулҳои муолиҷаи рӯҳӣ нақши асосиро мебозанд.
Ду омили ба таври васеъ истифода бурдани ин навъи табобат мавҷуд аст. Дар ҳолати якум, ин истифодабарии бевоситаи амалиёти табобатии он ҳангоми мавҷуд будани гурӯҳи зиёди касалиҳо мебошад, ки дар он омили рӯҳӣ ҷои намоёнро ишғол мекунад. Дар дигар ҳолат барои пешгирии аксуламали касалии ҷисмонӣ ва оқибатҳои он, таъсири ранҷурии ҷисмонӣ ба амалиёти рӯҳии фард, рафтори он истифода мешавад. Интихоби методу усули муолиҷа бо чунин нишондиҳандаҳои бемор, ба монанди хусусиятҳои шахсии бемор, таассури ӯ ба касалӣ, омилҳои психологии этиопатогенези беморӣ, мансубияти нозологии касалӣ ва зинаҳои он муайян карда мешавад.
Усулҳои муолиҷа бо воситаи таъсиррасонии рӯҳӣ боваркунонӣ, талқинкунонӣ (дар ҳолати ҳушёрӣ, хоби гипнозӣ), худталқинкунӣ мебошанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор