Зеҳн
Психологияи умумӣ, синнусолӣ ва тиббӣ

Дастури таълимӣ барои донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино. Дар он асосҳои психологияи умумӣ (эҳсос, идрок, хотира, тафаккур, ҳиссиёт, ирода, шахсият), хусусиятҳои психологияи синнусолӣ ва масъалаҳои психологияи тиббӣ, деонтология ва психотерапия баррасӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 223 саҳифа

ТибТаҳсилотИлм
Аз аввал хондан

такрор карда мешавад. Эҳсоси вазнинӣ дар даст баъди 4–5 рӯзи аввали машқ аниқ ба вуҷуд омадан мегирад ва оҳиста-оҳиста ба ҳар ду даст, ба ҳар ду по, ниҳоят ба тамоми бадан паҳн мешавад. Ҳамон вақт талқин мекунанд: «Ҳар ду даст... ҳар ду по... тамоми бадан вазнин шудааст».
Баъди аз худ кардани машқи якум ба машқи дуюм мегузаранд.
Машқи 2 – бедор кардани эҳсоси гармӣ. Худ ба худ такрор мекунад: 1) «Ҷисми ман вазнин аст» (эҳсоси вазнинӣ ва сустшавии мушакҳо бедор мешавад) – 1–2 маротиба; 2) «Ман тамоман ором ҳастам» – 1 маротиба; 3) «Дасти ростам гарм мешавад» – 5 маротиба.
Дар ҷараёни машқкуниҳо, баъд аз он ки дар дасти дуюм, сипас дар пойҳо ва минбаъд дар тамоми бадан гармӣ пайдо мешавад, ба талаффузи ибораҳои зерин мегузаранд: «Ҳар ду дастам гарм аст», «Дасту пойҳоям гарм аст», «Баданам гарм аст».
Машқи 3 – танзим намудани фаъолияти кории дил. Чун дар машқҳои дигар эҳсоси вазнинӣ, оромӣ, гармӣ бедор карда мешавад.
Баъд аз он фикран ибораи зеринро такрор мекунанд: «Дили ман ором мезанад». Касе ки машқро мегузаронад, бояд фикран задани дилашро ҳисоб карда тавонад. Ҳамон вақт машқ азхудшуда ҳисоб мешавад, ки ба фаъолияти танзими дил таъсир расонидан муяссар шавад.
Машқи 4 – ба танзим даровардани фаъолияти нафаскашӣ. Ҳиссиётҳои дар машқҳои 1–3 нишон додашуда бедор карда мешаванд. Сипас фикран ибораи зеринро 5-6 маротиба такрор мекунанд: «Ман ором нафас мекашам».
Машқи 5 – таъсиррасонӣ ба узвҳои ковокии шикам. Ба бемор нишон дода мешавад, ки шабакаи асабҳои болои ноф тахминан дар мобайни масофаи устухони сандуқи сина ва ноф ҷойгир аст. Эҳсосоти дар машқҳои 1–4 номбаршуда бедор карда мешаванд. Сипас фикран такрор мекунанд: «Шиками ман гарм мешавад».
Машқи 6 – бедор кардани эҳсосоти сардӣ дар пешонӣ. Дар аввал эҳсосоте, ки дар машқҳои 1–5 қайд шудаанд, бедор карда мешаванд.

пешина
аз 223
навбатӣ