Психологияи умумӣ, синнусолӣ ва тиббӣ

Дастури таълимӣ барои донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино. Дар он асосҳои психологияи умумӣ (эҳсос, идрок, хотира, тафаккур, ҳиссиёт, ирода, шахсият), хусусиятҳои психологияи синнусолӣ ва масъалаҳои психологияи тиббӣ, деонтология ва психотерапия баррасӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 223 саҳифа
Таърихи тибби муосир доир ба деонтология мероси гаронбаҳое боқӣ гузоштааст. Он на танҳо кашфиётҳои илмӣ, балки категорияҳои ахлоқӣ, шиорҳо ва талаботҳое мебошанд, ки бе онҳо фаъолияти духтурон маъное надорад.
Ташаккулёбии шахсияти духтур бо баландшавии маданияти ӯ, сифатҳои сазовори ахлоқии ӯ вобаста аст. Тарбияи ҳисси духтуриро бо сохтани як дастгоҳи мураккаб баробар кардан мумкин аст. Агар бемор бо ҳама мураккабиҳо ва ноқисиҳои худ манфиати олии духтур набошад, он гоҳ дар бораи маданияти корманди тиб ҳарф задан беҳуда аст. Ба ҳисоб гирифтани муносибатҳои байниҳамдигарии духтур бо бемор давраи мушаххаси инкишофи ин ё он касалӣ, таассуротҳои рӯҳию эмотсионалӣ ва инчунин ҳатман ба инобат гирифтани хусусиятҳои хоси шахсияти беморро дар назар дорад.
Дар бисёр тадқиқотҳое, ки ба деонтология бахшида шудаанд, чунин ақидае мавҷуд аст, ки гӯё пешрафти босуръати илму техника хавфи вайроншавии алоқаи байни духтуру беморро ба вуҷуд меорад.
Масалан, дар баъзеи онҳо қайд карда мешавад, ки ба қисмҳо ҷудо кардани тибби клиникавӣ ба он бурда мерасонад, ки бемор объекти тадқиқоти «гурӯҳи хурди мутахассисон» шуда мемонад ва вазифаи духтури табобаткунандаи ӯ (ҳамчун шахси маслиҳатчӣ) бемасъулият карда мешавад. Дигарон бошанд, ба инқилоби техникӣ дар соҳаи тиб ишора карда, қайд мекунанд, ки барои хавфи кандашавии алоқаи байни духтуру беморро пешгирӣ карда онро ба машина иваз кардан зарур нест.
Ба ақидаи онҳо формулаи «духтур – бемор» набояд бо формулаи «духтур – асбоб – бемор» иваз карда шавад. Маълум аст, ки пешравӣ дар ин соҳаи тиб чун дигар соҳаҳои илм аз мутахассисон масъулияти зиёд талаб мекунад, ки яке аз ин талабот масъалаи асосии деонтология – «духтур – бемор» мебошад. Вақти он расидааст, ки ҳангоми ҳалли ин масъала на фақат дар асоси муносибати бодиққат, самимона, ғамхоронаи духтур бо бемор, ҳамҳиссӣ ва тарзи муносибат бо хешовандону наздикони ӯ,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор