Психологияи умумӣ, синнусолӣ ва тиббӣ

Дастури таълимӣ барои донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино. Дар он асосҳои психологияи умумӣ (эҳсос, идрок, хотира, тафаккур, ҳиссиёт, ирода, шахсият), хусусиятҳои психологияи синнусолӣ ва масъалаҳои психологияи тиббӣ, деонтология ва психотерапия баррасӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 223 саҳифа
Дар Россияи тоинқилобӣ донишҷӯёни факултаҳои тиббӣ баъди хатми омӯзиш ваъда медоданд, ки «ба муҳтоҷон ёрӣ дода, асрори ба онҳо боваркардаи оилавиро муқаддас нигоҳ медоранд ва ҳеҷ гоҳ чизи ба онҳо боваркардаро бо мақсади нопок истифода намебаранд».
Дар хотира бояд дошт, ки риояи қатъии талаботҳои деонтология як навъ муолиҷа мебошад, ки дарди беморро сабук мегардонад. Риоя накардани ин талаботҳо бошад, метавонад дар дили бемор ноумедӣ ҷой карда азоби ӯро зиёдтар кунад. Донишманди бузурги тиб Абӯалӣ ибни Сино гуфта буд, ки умеди шифо ёфтан беҳтарин табиб мебошад.
Нигоҳдории сирри духтурӣ ба ҳамаи кормандони тиб, ки ба онҳо шахси бемор муроҷиат мекунад (духтурон, мушовирон, кормандони марказҳои ташхиси беморӣ ва ғайра) дахл дорад.
Маълум аст, ки қонунгузорӣ дар бораи тандурустӣ маълумот дар бораи касалӣ, ҳаёти оилавӣ ё маҳрамонаеро, ки аз рӯи тақозои вазифа ба кормандони тиб маълум шудааст, ҳамчун сирри духтурӣ меноманд.
Фош кардани сирри духтурӣ қасдан ё дидаву дониста низ мешавад.
Аксар вақт ин чиз дар натиҷаи беэҳтиётӣ ё худписандии кормандони тиб рӯй медиҳад. Дар баъзе ҳолатҳо асрори духтуриро ҳатто аз худи бемор ҳам пинҳон доштан лозим меояд, ҳарчанд ки бемор мехоҳад дар бораи касалии худ маълумоти пурра дошта бошад. Ҳангоми касалии вазнин бемор бештар кӯшиш мекунад, ки ташхиси дардаш ва ояндаашро фаҳмад. Агар бемор табобатнашаванда бошад, ҳеҷ гоҳ ба ӯ сирри касалиашро гуфтан мумкин нест; хубтараш он аст, ки онро надонад ва ба умеди беҳбудӣ зиндагӣ кунад, он гоҳ азоби ӯ сабуктар мешавад. Дар деонтологияи тиббӣ суханони зерини Ҳиппократ то ҳол маънои худро гум накардаанд: «Беморро бо меҳр ва тасалло фаро гир». Дар ин бора классики илми тиб С.П. Боткин низ навишта буд: «Ман он чизро нораво медонам, ки агар духтур ба бемор нобоварии худро нисбат ба сиҳатёбии ӯ изҳор намояд. Ӯ бояд бемор ва атрофиёни ӯро эҳтиёт намояд, чунки

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор