Психологияи умумӣ, синнусолӣ ва тиббӣ

Дастури таълимӣ барои донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино. Дар он асосҳои психологияи умумӣ (эҳсос, идрок, хотира, тафаккур, ҳиссиёт, ирода, шахсият), хусусиятҳои психологияи синнусолӣ ва масъалаҳои психологияи тиббӣ, деонтология ва психотерапия баррасӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 223 саҳифа
кардани муносибати бемор ба касалиаш танҳо ҳамон вақт имконпазир мегардад, ки агар он бо таълимоти психологияи тиббӣ мустаҳкам бошад.
Барои асоснок кардани ин суханон мисол меорем.
Ба яке аз дармонгоҳҳо бемореро овардаанд, ки касалии дил дошт.
Духтур ба ӯ хабар дод, ки ҳолаташ вазнин аст ва ӯ бояд ҳамаи талабҳоро риоя намуда, кам ҳаракат кунад. Дар ҳолати риоя накардани тартибот ҳолати бемор бад шуда, дубора сактаи дил шуданаш мумкин аст. Бемор ба гуфтаи духтур амал кард ва дар натиҷа ҳолати ҷисмонии ӯ беҳтар шудан гирифт. Вай аз ҳеҷ чиз дигар шикоят намекард. Аммо аз тарси он, ки дубора сактаи дил мешавад, қариб ки дар ҷойгаҳ беҳаракат мехобид, ҳарчанд ки духтурон зарур будани ҳаракатро ба ӯ мефаҳмониданд.
Хулоса, ҳеҷ гуна исботкуниҳои мӯътадилшавии саломатӣ, ҳатто электрокардиограмма ӯро ором карда аз ҷойгаҳ хезонида натавонист. Аз ин рӯ маҷмӯи чораҳои муолиҷа ба воситаи таъсиррасонии рӯҳӣ лозим шуд, ки ӯро ба сиҳат будан бовар кунонанд... Ҳатто баъди аз беморхона баромадан ӯ муддати дуру дароз аз касалиаш хавотир буд. Ба ҳамон шуъба бемори дигареро оварданд, ки айнан ҳамон хел касалӣ дошт. Кормандони тиб ҳодисаи аввалро ба ҳисоб гирифта, қарор доданд, ки хатои худро «ислоҳ» намоянд ва аз ин рӯ дар бораи тартиби риояи меъёри ҳаракат рӯякӣ ӯро огоҳ намуданд. Ба ӯ дар бораи имконияти такроршавии касалӣ хабар надоданд. Дар рӯзи панҷуми дар дармонгоҳ будан, ҳамсояаш аз ӯ хоҳиш намуд, ки доминобозӣ кунанд. Ҳангоми бозӣ ӯ санги доминоро бо шавқ сахт ба рӯи миз мезанад. Фавран сактаи дил ба амал омада, ӯ дар ҷояш мефавтад.
Дар ҳарду ҳолат духтур айбдор нест: дар ҳолати аввал на танҳо дар бораи вазнинии касалӣ, балки дар бораи зарурати риоя намудани табобат огоҳ карда шуда буд ва дар ҳолати дуюм бошад, барои ӯро озурда накардан тартиботи сахтро ҷорӣ нанамуданд.
Дар ин ҳолатҳо бояд духтур аз дониши худ доир ба тарафҳои мухталифи шахсияти одам истифода барад. Духтур танҳо ҳамон вақт ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор