Зеҳн
Психологияи умумӣ, синнусолӣ ва тиббӣ

Дастури таълимӣ барои донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино. Дар он асосҳои психологияи умумӣ (эҳсос, идрок, хотира, тафаккур, ҳиссиёт, ирода, шахсият), хусусиятҳои психологияи синнусолӣ ва масъалаҳои психологияи тиббӣ, деонтология ва психотерапия баррасӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 223 саҳифа

ИлмТибТаҳсилот
Аз аввал хондан

тасаввурот ва ҳиссиёт бо сабаби ба онҳо ҳамроҳ шудани аломатҳои ҳолати аффективӣ ба тафаккури инсон роҳнамо шуда, дигар фикрҳоро аз майна берун мекунанд ва ба қавли рӯҳшиносон ғояҳои аз ҳад зиёд пурқиммат ҳисоб меёбанд. Дар ин асос аксуламалҳои психогенӣ ё ҳолатҳои нисбатан мураккаб ва дурударози аксуламалӣ (реактивӣ) ташаккул меёбанд.
Ҳамаи духтурони клиника бояд ақаллан чораҳои пешгирӣ ва табобати ин ҳолатҳоро дар ҳаҷми китоби дарсӣ донанд. Ҳар як духтур бояд бохабар бошад, ки вайроншавии ҳолати рӯҳии беморони ҷисман касал чӣ гуна дар шакли ин ё он аксуламали патологӣ зоҳир мегардад, то ки сари вақт чораҳои иловагии психотерапевтӣ андешида шавад.
Духтур дар таҷрибаи ҳаррӯзаи тиббӣ бо одамони солим ва бемор сару кор дорад. Онҳо барои ёрии тиббӣ расонидан, дар бораи саломатӣ, касалӣ, маишат, фаъолияти меҳнатӣ ва ғайра маслиҳат гирифта ба ӯ муроҷиат мекунанд. Дар ҷараёни ин муносибатҳо баҳодиҳии дутарафаи нахустин ба амал меояд. Бемор ба духтур аз рӯи маданияти касбӣ, ахлоқу одобаш баҳо медиҳад. Духтур бошад, дар навбати худ ба он шахс на ҳамчун объекти тиббӣ, балки ҳамчун субъекте, ки дорои хусусиятҳои хоси шахсият мебошад, баҳо медиҳад. Ҳамин тариқ, на танҳо мутахассиси тиб ва бемори ба ёрӣ муҳтоҷ буда, балки ду шахсияти дорои таҷрибаи муайяни зиндагӣ буда ва ҷаҳонбинию хусусиятҳои гуногуни ахлоқӣ дошта бо ҳам муошират мекунанд.
Ҷаҳонбинӣ ва маданияти умумӣ як қисми ҷудонашавандаи обрӯю эътибори духтур мебошанд. Маданияти умумӣ ва касбӣ доираи муносибати корманди тибро васеъ ва ғанӣ гардонида, ба ӯ имкон медиҳад, ки бо одамони гуногун тезтар алоқа барқарор намуда, ба психикаи шахсии бемор ба таври мақсаднок таъсир расонад.
Суҳбати духтур бо бемор – ин санъати мураккабе мебошад, ки ба такмилдиҳии доимӣ зарурат дорад. Вай аз духтур маданияти баланди сухангӯӣ ва касбиро талаб мекунад. Суҳбати духтур – ин монолог (суҳбат

пешина
аз 223
навбатӣ