Психологияи умумӣ, синнусолӣ ва тиббӣ

Дастури таълимӣ барои донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино. Дар он асосҳои психологияи умумӣ (эҳсос, идрок, хотира, тафаккур, ҳиссиёт, ирода, шахсият), хусусиятҳои психологияи синнусолӣ ва масъалаҳои психологияи тиббӣ, деонтология ва психотерапия баррасӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 223 саҳифа
ТибТаҳсилотИлм
Аз аввал хонданМатериалистон материя, олами иҳотакардаи новобаста аз мо вуҷуддоштаро аввалин ва шуур, рӯҳро ҳамчун инъикоси хосиятҳои олами иҳотакарда, яъне дуюмин мешуморанд.
Материализми диалектикӣ масъалаҳои марбут ба қонуниятҳои инкишоф ва зоҳиршавии шуур дар фаъолияти инсонро мавриди баррасӣ қарор медиҳад ва ҳамчун шакли олии инъикос ҳангоми ба ҳисоб гирифтани принсипҳои зерин мебинад:
- принсипи монизми материалистӣ (монос – як). Мувофиқи ин принсип психика хосияти материяи ба таври махсус ташкилёфта – майнаи сар мебошад, ки ин дар инъикоси хосиятҳои ба таври объективӣ ва новобаста аз шуури мо вуҷуддоштаи олами атроф ифода меёбад. Дар майна дар натиҷаи гузариши протсессҳои психикӣ нақшҳое боқӣ мемонанд, ки образҳои субъективии ҳаракати объективӣ мебошанд.
Шуури инсон дар дараҷаи олии инкишофи ҳайвонот дар натиҷаи мураккабгардии сохт ва фаъолияти олии системаи асаб ба вуҷуд омадааст. Пайдоиши шуур бо шароитҳои ҷамъиятии ҳаёти одам, бо меҳнати истеҳсолӣ ва забонӣ алоқаманд аст, ки дар он таҷрибаи ҷамъиятӣ-таърихии инсоният ифода ёфта, ба туфайли мубодилаи афкор ба вуҷуд меояд. Шуур инъикоси субъективии олами объективӣ мебошад. - принсипи вобастагии сабабӣ (детерминизм), ки мувофиқи он зоҳиршавии фаъолияти психикӣ ба таъсири байниҳамдигарии муҳити иҳотакарда ва фаъолияти системаи асаб ба организми инсон пурра вобаста аст. Таъсироти берунӣ ба воситаи шароитҳои дохилӣ, психика ва шуури инсон гузашта, сабаби рафтори инсон мегарданд.
- принсипи ягонаи шуур ва фаъолият нишон медиҳад, ки шуур дар фаъолият зоҳир шуда, дар он ташаккул низ меёбад. Аз ин рӯ ҳодисаҳои

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор