Зеҳн
Мероси хаттии бостон

Ҷилде аз силсилаи «Тоҷикон дар масири тамаддун» (Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Маркази тоҷикшиносӣ, 2013). Дар он осори хаттии бостонии ниёгони тоҷикон – адабиёти паҳлавӣ («Бундаҳишн», «Ардавирознома», «Ёдгори зарирон», андарзномаҳо ва ғ.) ва катибаҳои шоҳони Ҳахоманишӣ бо тарҷумаи тоҷикӣ ва тавзеҳот гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 314 саҳифа

ТаърихФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

77-78. Кадом обрӯй беҳ? Накукорӣ дар дӯстӣ ва ҷавонмардӣ.
79-80. Чӣ ном меҳтар? Хешкорӣ (вазифа). 81-82. Кадом душман ситамгортар? Кирдори бад. 83. Ба мардумон фарҳанг беҳ ё гуҳари хирад?
84. Афзоиши тан аз фарҳанг ва оини меҳмондорӣ аз гуҳар, шинохти шахсият ва хулқу хӯ ва нигаҳбонии тану ҷон аз хирад.
85. Хулқу хӯ ва хираду дигар ҳама ҳунарҳо дар тани мардумон чӣ гуна камосебтару безиёнтаранд?
86. Хирад, ки дар он шуморе нест. 87-88. Ва ҳунар, ки дар он баландандешӣ нест. Ёду ҳуш, ки дар он бадоинӣ нест.
89. Хештандорӣ, ки дар он кинаберарӣ нест. 90-91. Фурӯтанӣ, ки дар он хӯрдагирӣ нест. Некоинӣ, ки дар он фурӯмоягӣ нест.
92. Нексозгорӣ, ки дар он ошуфтагӣ нест. 93-94. Ростӣ, ки дар он найранг нест. Умед, ки дар он сустӣ нест.
95. Родӣ, ки дар он исроф нест. 96-97. Шукӯҳ ки дар он ғурур нест. Парастиши тан, ки дар он беморӣ нест.
98. Чокарӣ, ки дар он парасторӣ нест. 99-100. Шоистагӣ, ки дар он такаббур нест. Дӯстии хайрхоҳона, ки дар он сарпарастӣ нест.
101. Ягонагӣ, ки дар он ихтилоф нест. 102-103. Хешкорӣ, ки дар он сустӣ нест. Кӯшиш, ки дар он рашк нест.
104. Доноӣ, ки дар он фиреб нест. 105. Чизе, ки ба мардумон расад, аз бахт бувад ё аз куниш (кор)?
106. Вахту куниш бо ҳам монанданд, чунон ки тану ҷон. 107. Чи тан ҷудо аз ҷон колбудест бекор ва ҷон ҷудо аз тан бодест ногирифтор. Ва чун (онон) бо ҳам омехта буванд, нерӯманду судманданд.
108-109. Вахт чист ва куниш чист? Вахту куниш баҳонаи чизеанд, ки ба мардумон расад.
110-111. Дороии гетӣ чиро монад? Ба чизе, ки ба хоб бинанд, чӣ некӯ чӣ бад ва чун аз хоб бедор шаванд, он чиз он ҷой нест.
112-113. Дар гетӣ чӣ арҷмандтар аст? Шаҳриёри нерӯманду пирӯзгари некхоҳ.
114-115. Ва кӣ мустамандтар? Шукӯҳи подшоҳи тундхӯ ва дурӯғпеша.
116-117. Бадбахттар кист? Диногоҳи дурӯғпеша. 118-119. Бениёзтар кист? Он ки хурсандтар (аст). 120-121. Кист аз дороии (хеш) хурсандтар? Он ки шукӯҳмандтар (аст).
122-123. Кист шукӯҳмандтар? Он ки (барояш) сарзаниши мардум аз ниёзмандиҳо бартар намояд.
124-125. Кӣ умедвортар? Марди кӯшишманди хушиқбол. 126-127. Кӯшой чист ва хушиқболӣ чист? Кӯшой он ки кас пешаи некӯ кунад ва кор низ (пешаи ӯ) бувад ва дар он бе (ҳеҷ) ранҷу иштибоҳ бикӯшад.
128. Хушиқболӣ бо фариниши нек (дар) фарҷоми хуби кор аст.
129-130. Кӣ нерӯмандтар? Сипеҳри ҷаҳонбахш. 131-132. Кӣ росттар? Замони сарнавиштсоз. 133-134. Кӣ ҳайратангезтар? Он ки (дар) замони фаротар омада буд.
135-136. Кӣ оромтар? Он ки аз биму балои гарон бираҳид. 137-138. Кӣ ҳушмандтар? Донои бас озмуда. 139-140. Кӣ писандидатар? Он ки шаҳватро бо нанг, хашмро бо бурдборӣ ва рашкро бо чашмогоҳӣ ва озро (ҳирс) бо фурӯтанӣ ва сангдилиро бо додхоҳӣ фурӯ нишонад.

пешина
аз 314
навбатӣ