Зеҳн
Мероси хаттии бостон

Ҷилде аз силсилаи «Тоҷикон дар масири тамаддун» (Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Маркази тоҷикшиносӣ, 2013). Дар он осори хаттии бостонии ниёгони тоҷикон – адабиёти паҳлавӣ («Бундаҳишн», «Ардавирознома», «Ёдгори зарирон», андарзномаҳо ва ғ.) ва катибаҳои шоҳони Ҳахоманишӣ бо тарҷумаи тоҷикӣ ва тавзеҳот гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 314 саҳифа

ТаърихФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

Чун бузургиву судмандӣ ва арҷмандии хирад бад-ин оин дид, ба Ҳурмуздхудову амаҳраспандон ва Мену хирад сипосгузор шуд ва Мену хирадро ба паноҳ гирифт ва Мену хирадро намозу парастиши бештар кард ба дигар амаҳраспандон. Ва ин низ донист, ки ҳама корҳои нек ва кардаҳои хубро ба нерӯи хирад ба хештан метавон кард. Ва дар хушнудии Мену хирад кӯшо бояд буд ва аз ин пас дар ситоиш кардани Мену хирад кӯшотар (бояд) буд.
Пас аз он Мену хирад барои андеша ва комаи он доно тани хешро бад-ӯ намоид ва бад-ӯ гуфт, ки эй дӯсти ситоишгар, некӣ аз беҳтарин парҳезкорист. Аз ман, Мену хирад, омӯзиш хоҳ, то туро ба хушнудии эзадону некон ва дар гетӣ ба нигаҳдории тан ва дар мену дар раҳоиши равон раҳнамо бошам.
Пурсид доно аз Мену хирад, ки чӣ гуна метавон хост нигаҳдорӣ ва осоиши танро ҷудо аз зиёни равон ва раҳоиши равонро ҷудо аз зиёни тан?
Мену хирад посух кард, ки он ки аз ту кеҳтар (аст), ӯро ҳамто дор, он ки ҳамтои туст, ӯро меҳтар ва он ки меҳтар (аст), ӯро солор ва солорро ба сарварӣ дор. Сарваронро ягона4 ва фармонбардору ростгуфтор бош. Ва душманонро фурӯтан ва нарму некчашм бош. Бадгӯӣ макун, то ба ту бадномиву бадкорӣ нарасад. Чи гуфташуда, ки бадгӯӣ гаронтар аз ҷодугарист. Ва дар дӯзах рафтори ҳар дуруҷе дар пеш (аст), лек рафтори деви бадгӯйро гуноҳи гарон дар пас (аст). Ба деви Оз ҳамкомӣ макун, то деви Оз туро мефиребад ва чизҳои гетӣ бароят бемаза ва аз они мену нопайдо набувад. Хашмгинӣ макун, чи мард хашм гирад, он гоҳ, корҳои нек ва намозу парастиши эзадон фаромӯшаш бувад ва ҳар гуна гуноҳу базаҳ ба андешааш афтад ва то нишастани хашм баробари Аҳриман гуфта шавад. Андӯҳ мадор, чи андӯҳбарро хушии гетиву мену нопайдо бувад ва коҳиш ба тану равонаш афтад. Шаҳватронӣ макун, ки аз кирдори хеш ба ту зиёну пушаймонӣ расад. Рашки бад мадор, то ки зиндагиат бемаза набувад. Аз барои нанг гуноҳ макун, чи некиву оростагӣ ва нерӯву ҳунар ва шоистагӣ ба кому кирдори мардумон нест, балки ба сарнавишти сипеҳр ва коми эзадон бувад. Беш аз андоза махоб, то корҳои неке, ки кардан бояд, нокарда намонад. Зани богуҳар бигзин, чи беҳтар он аст, ки ба фарҷом некномтар (аст). Ҳангоми хӯрок сухан макун, то аз ту ба Хурдоду Мурдод ва амаҳраспандон гуноҳи гарон (сар) назанад. Бидуни куштӣ ва судра роҳ марав, то аз ту ба дупоёну чаҳорпоён ва фарзандон газанд нарасад. Ба як кафш роҳ марав, то гуноҳи гарон ба равонат нарасад. Истода ба пой пешоб макун, то ба доди девон гирифтор мабошӣ ва ба он гуноҳ девон туро ба дӯзах накашанд. Кушову миёнарав бош ва аз кӯшиши неки хеш бихӯр ва эзадону неконро баҳра кун. Ба вазифа рафтор кардан туро меҳтарин кори нек аст. Аз дороии касон мадузд, то кӯшиши дурусти худат нопайдо нашавад. Чи гуфта шудааст, ки он ки на аз кӯшиши дурусти хеш, балки аз чизи дигарон хӯрад, ӯ монанди касест, ки сари мардумон ба даст дорад ва мағзи мардумон хӯрад. Аз зани касон бипарҳез, чи ин ҳар се чизат шояд нопайдо шавад: ҳам дороӣ, ҳам тан ва ҳам равон. Бо душман аз рӯи инсоф набард кун. Бо дӯст бо писанди дӯстон рафтор кун. Бо марди кинвар набард макун ва ба ҳеҷ оин ӯро маозор. Бо марди ҳарис ҳамроҳ мабош ва ба солорӣ магумораш. Бо марди бадгӯй ба дарбори подшоҳон машав. Бо марди бадном пайванд макун. Бо марди нодон ҳамроҳу ҳамсуд мабош. Бо марди аҳмақ пайкор макун. Бо марди маст дар роҳ марав. Аз марди бадгуҳар қарз маситон. Дар сипосгузорӣ ба эзадон ва парастишу ниёишу ситоиш ва омӯзишу фарҳанг кӯшо ва ҷонсупор бош. Чи гуфта шуда, ки дар ёрии бахт барои мардумон хирад беҳ. Ва дар ном хостану растагории равон бахшандагӣ беҳ. Ва дар анҷом (додани) кор комиландешӣ беҳ. Ва дар гувоҳӣ додан дар баргузории мурофиа ростӣ беҳ. Ва дар пешрафти кор кӯшиш беҳ. Ва барои он ки (кас) дар боварии ҳама бошад, устуворӣ беҳ. Ва барои он ки некӣ ба кас бирасад, сипосгузорӣ беҳ. Ва барои хештанро беайб доштан андоза дар гуфтор (дар роҳи) ростӣ беҳ. Ва барои боз доштани бадкор аз хештан хешкорӣ беҳ. Ва пеши сарварону подшоҳон паймон-гуфторӣ ва дар анҷуман хубгуфторӣ беҳ. Ва бо дӯстон дар андешаи осоиши онон ва дустӣ беҳ. Ва барои ба хештан кардани ҳаммолон (ба онон) расондани суд беҳ. Ва (нисбат) ба меҳтарон нармӣ ва фурӯтанӣ беҳ. Ва (нисбат) ба кеҳтарон созишу хуб-гуфторӣ беҳ. Ва (нисбат) ба накӯкорон сипосгузорӣ ва ҳақшиносӣ беҳ. Ва (нисбат) ба ҳамнажодон некандешӣ беҳ. Ва (нисбат) ба сипосшиносон неккирдорӣ беҳ. Ва (нисбат) ба солорон ягонагӣ (вафодорӣ) беҳ. Ва (нисбат) ба вафодорон ва бандагон некӯ доштани онон ва намудор (сохтани) бим беҳ. Ва (нисбат) ба хештан кам ранҷ доштан ва хурсандӣ (қаноат) беҳ. Ва дар солорӣ неконро ба некӣ ва бадонро ба бадӣ шинохтан ва неконро подош додану бадонро сарзаниш кардан беҳ. Ва дар ҳар ду гоҳу замон хештанро аз гуноҳ парҳез доштан ва ба кори нек кӯшо будан беҳ. Ва ҳар рӯз Ҳурмуздро ба офаридагорӣ ва Аҳриманро ба табоҳкорӣ андешидан ва дар ёд доштан беҳ. Барои он ки зиён ба одамӣ нарасад, хештаншиносӣ беҳ. Ин ҳама дурусту рост ҳамон гуна, ки ҳаст, аммо анҷоми хешкорӣ ва нигаҳдории забон бартар аз ҳар чиз (аст). Аз бутпарастиву девпарастӣ бипарҳезед, чи пайдост, ки агар Кайхусрав буткадаи канори кули Чичистро наканда буд, дар ин се ҳазораи Хушидару Хушидармоҳ ва Сушиянс, ки ҷудо-ҷудо дар сари ҳар ҳазора аз эшон яке ояд ва ҳама корҳои ҷаҳонро боз орояд ва паймон-шикану бутпарастонро дар кишвар бизанад, он гоҳ он бадкор (Аҳриман) чунин нерӯманд мешуд, ки растохезу тани пасин беш кардан мумкин намебуд.

пешина
аз 314
навбатӣ