Зеҳн
Мероси хаттии бостон

Ҷилде аз силсилаи «Тоҷикон дар масири тамаддун» (Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Маркази тоҷикшиносӣ, 2013). Дар он осори хаттии бостонии ниёгони тоҷикон – адабиёти паҳлавӣ («Бундаҳишн», «Ардавирознома», «Ёдгори зарирон», андарзномаҳо ва ғ.) ва катибаҳои шоҳони Ҳахоманишӣ бо тарҷумаи тоҷикӣ ва тавзеҳот гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 314 саҳифа

ФарҳангАдабиётТаърих
Аз аввал хондан

Ва чун аз он ҷо фароз равад, боде хушбӯ ба пазироияш ояд, ки аз ҳама хушбӯиҳо хушбӯтар. Равони порсоён аз Сурӯш пурсад, ки ин чӣ бодест, ки ҳаргиз ба гетӣ боде чунин хушбӯй ба машом наомада буд. Он гоҳ Сурӯши росткирдор ба равони порсоён посух диҳад, ки ин бод аз биҳишт аст, ки чунин хушбӯй аст. Пас нахуст гом ба ҳумат (пиндори нек), ду дигар ба ҳухт (гуфтор инек), се дигар ба ҳуваршт (кирдори нек) боло равад ва чаҳорум гом ба равшании бепоёни пур аз хушӣ расад. Ва ҳама эзадону амаҳраспандон ба пазироӣ оянд ва сухан аз ӯ пурсанд, ки чӣ гуна аз он ҷаҳони пурхатару пурбими пур аз бадӣ ба ин ҷаҳони бепатёра омадӣ, эй ҷавони некпиндори некгуфтори неккирдори некдин.
Пас Ҳурмуздхудо гӯяд, ки сухан аз ӯ мапурсед, чи аз он тани гиромӣ ҷудо (шуда) ва ба он роҳи пурбим омадааст. Пас хуштарин хӯришҳоро, ки равғани баҳорист, барои ӯ баред, то равон аз он азоби сешаба, ки аз Аствиҳоду дигар девон бад-ӯ расидааст, (биосояд) ва ба тахти бас ороишёфта ӯро барнишонед.
Чунин ки пайдост, барои порсоён чи марду чи зан пас аз даргузаштан хуштарин аз хушиҳоро, ки равғани баҳорист, эзадони менуӣ мебаранд ва онро ба тахти бас ороишёфта менишонанд ва ҷовидон дар хушии ҳамешагӣ бо эзадони менуӣ мемонанд.
Ва чун бадкоре мирад, равонаш се шабонарӯз ба наздики сари он бадкор давад ва гиряду гӯяд, ки ба куҷо равам ва киро ба паноҳ гирам. Ва ҳар гуноҳу базаҳе, ки дар гетӣ кардааст, дар он се шабонарӯз ба чашм бинад. Рӯзи чаҳорум Визаршдев ояд ва равони бадкоронро ба бадтарин банд бандад ва бар (хилофи талоши) Сурӯши росткирдор ӯро то пули Чинвод кашад. Ва (пас) Рашни рост равони бадкоронро ба бадкорӣ ошкор кунад. Пас Визаршдев равони бадкоронро гирад ва беозармона аз рӯи майл ба хашм занад ва ба он осеб расонад ва равони бадкирдорон ба бонги баланд бигиряд ва зорӣ кунад ва бас лоба кунад ва нотавонона барои ҷони (хеш) бисёр кӯшиш кунад. Чун ҳеҷ гуна кӯшишу лобагарӣ ӯро чорае (накунад), аз некону девон касе ба фарёдаш нарасад. Пас Визаршдев ӯро ба ноумедиҳо ба зери дӯзах кашад.
Пас дӯшизае, ки ба дӯшиза намемонд, ба пазироияш ояд. Равони бадкорон ба он дӯшиза гӯяд, ки ту кӣ ҳастӣ, ки ҳаргиз ба гетӣ дӯшизае бад аз ту бадтару зишттар надидаам. Ва он дӯши-заи бад дар посух бад-ӯ гӯяд, ки ман дӯшиза нестам, кирдори туям, эй зишти бадандеши бадгуфтори бадкирдори баддин. Чи чунон ки ту дар гетӣ дидӣ касе парастиши эзадон кард, он гоҳ ту нишастӣ ва девпарастӣ кардӣ ва девону дурруҷонро парастидӣ. Ва чун дидӣ, ки касе мардуми некро меҳмонӣ ва пазироӣ кард ва ҳадя дод, чи аз дур фароз омад, чи аз наздик, он гоҳ, ту мардуми некро таҳқир ва хор кардӣ ва бахшиш надодӣ ва даратро бибастӣ. Ва чун ту дидӣ, ки (касе) доварии рост кард ва пора наситонд ва гувоҳии рост дод ва гуфтори нек гуфт, он гоҳ ту нишастӣ доварии дурӯғ кардӣ ва гувоҳии дурӯғ додӣ ва гуфтори дурӯғ гуфтӣ. Манам он душмату, душҳухту, душҳваршт, ки андешидиву гуфтиву кардӣ. Чи чун ман беарзиш будам, боз ту маро беарзиштар кардӣ ва чун беозарм (хор) будам боз ту маро беозармтар кардӣ ва чун ба ҷои расвоён менишастам, ту маро расвотар кардӣ.

пешина
аз 314
навбатӣ