Мероси хаттии бостон

Ҷилде аз силсилаи «Тоҷикон дар масири тамаддун» (Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Маркази тоҷикшиносӣ, 2013). Дар он осори хаттии бостонии ниёгони тоҷикон – адабиёти паҳлавӣ («Бундаҳишн», «Ардавирознома», «Ёдгори зарирон», андарзномаҳо ва ғ.) ва катибаҳои шоҳони Ҳахоманишӣ бо тарҷумаи тоҷикӣ ва тавзеҳот гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 314 саҳифа
Ва аз ҷомае, ки мардумон ба тан доранд, барои тан парниён ва барои равон пунба беҳтар (аст). Зероки парниён аз ҳашарот бувад ва парвариши пунба аз об ва рӯиши он аз замин ва барои кори равон меҳтару беҳтар ва арҷмандтар гуфта шудааст.
16. Пурсид доно аз Мену хирад, ки кадом он шодӣ аз андӯҳ бадтар аст? Мену хирад посух кард, ки он ки дороӣ аз роҳи гуноҳ андӯхта ва бад-он шод бувад. Пас он шодӣ аз андӯҳ бадтар (бувад).
17. Пурсид доно аз Мену хирад, ки чаро мардумон ба ин чаҳор чиз, ки бояд бештар биандешанд, камтар меандешанд: гузарон будани чизи гетӣ ва марги тану омори равон ва бими дӯзах?
Мену хирад посух кард, ки аз фиреби деви Оз ва қонеъ набудан.
18. Пурсид доно аз Мену хирад, ки ба бим ва сухани дурӯғ зистан бадтар (аст) ё марг?
Мену хирад посух кард, ки ба биму сухани дурӯғ зистан аз марг бадтар (аст). Чи барои зиндагии ҳар кас шодиву хушии гетӣ бояд. Чун ӯро шодиву хушии гетӣ нест ва биму сухани дурӯғ бо ӯст, (чунин зиндагӣ аз) марг бадтар гуфта шудааст.
19. Пурсид доно аз Мену хирад, ки подшоҳонро чӣ чиз судмандтар ва чӣ зиёнкортар (аст)?
Мену хирад посух кард, ки подшоҳонро машварат бо доноёну некон судмандтар (аст) ва ононро гуфтугӯ ва машварат бо ғайбаткунандагон ва дурӯён зиёнкор (аст).
20. Пурсид доно аз Мену хирад, ки фарҷоми марди гетиоро ва барҳамзанандаи мену чист? Ва фарҷоми марди афсӯсгар ва фарҷоми марде, ки ба вазифаи хеш рафтор накунад, чист? Ва фарҷоми марди кинаберар чист? Ва фарҷоми марди коҳил чист? Ва фарҷоми марди дурӯғандеш чист?
Мену хирад посух кард, ки марди гетиоро ва барҳам-занандаи мену дар се дар шаби нахусти пас аз марг чунон табоҳ шавад, ки чун оташи дурахшон, ки об бар он расад.
Ва дар тану равони марди афсӯсгар шукӯҳи худовандӣ набувад. Ва ҳар бор, ки даҳон боз кунд, бадкории ӯ афзояд. Ва ҳар деве ба тани ӯ чунон меҳмон бувад, ки дар тани ӯ ҳеҷ некиро нагузорад ва неконро масхара ва бадонро ситоиш кунад. Ва дар гетӣ танаш бадном ва дар мену равонаш бадкор бувад. Ва дар дӯзах ӯро барои уқубат кардан ба деви истеҳзогар биспоранд ва он дев дар ҳар уқубат ӯро ҳамон гуна истеҳзо ва масхара кунад.
Ва марде, ки ба вазифа амал накунад, ҷуз аз бадкорӣ боз дар гетӣ ранҷу марг бад-ӯ расад ва аз он зода шавад (?)
Ва барои марди кинавар уқубати равон гаронтар, ки барои бадкорони дар дӯзахбуда. Зеро ки кина ба пайванд равад ва ҳар гуноҳеро беҳтар аз кин метавон ислоҳ кард. Чи кин дар пайванд бимонад. Ва ҳаст, ки то фрашегард10 бипайвандад. Чи аз дини пок ба рӯшанӣ пайдост, ки бунёди бадхоҳии румиёну туркон бо эрониён аз кине буд, ки бо куштани Эраҷ зода шуд ва то фрашегард ҳамчунон идома ёбад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор