Зеҳн
Мероси хаттии бостон

Ҷилде аз силсилаи «Тоҷикон дар масири тамаддун» (Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Маркази тоҷикшиносӣ, 2013). Дар он осори хаттии бостонии ниёгони тоҷикон – адабиёти паҳлавӣ («Бундаҳишн», «Ардавирознома», «Ёдгори зарирон», андарзномаҳо ва ғ.) ва катибаҳои шоҳони Ҳахоманишӣ бо тарҷумаи тоҷикӣ ва тавзеҳот гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 314 саҳифа

ФарҳангАдабиётТаърих
Аз аввал хондан
  1. Пурсид доно аз Мену хирад, ки чӣ сардтар ва чӣ гармтар ва чӣ равшантару чӣ ториктар ва чӣ тиҳитар ва чӣ дар фарҷом бебартар (аст)? Ва чист он чиз, ки касро аз он серӣ набувад? Ва чист он чи ки онро рабудан натавонад? Ва чист он чиз ки ба баҳо натавон харид? Ва чист он чиз, ки ҳар кас аз он ҳамеша хушнуд (аст)? Ва чист он чи, ки ҳеҷ кас аз он хушнуд нест? Ва чист он ягона орзуе, ки офаридгор Ҳурмузд аз мардумон хоҳад? Ва чист он ягона орзуе, ки Аҳримани бадкор аз мардумон хоҳад? Чист фарҷоми гетӣ ва чист фарҷоми мену?
    Мену хирад посух кард, ки дили порсоён гармтару дили бадкорон сардтар. Ва порсоӣ равшантару бадкорӣ ториктар. Ва умеду паноҳ ба эзадон пуртару ба девон тиҳитар. Ва фарҷоми марди гетиоро ва минутабоҳгар бебартар. Ва доноӣ аст, ки кас аз он серӣ надорад. Фарҳангу ҳунар аст, ки кас онро рабудан натавонад. Ва ҳушу вир аст, ки ба баҳо харидан нашояд. Ва хирад аст, ки ҳар касу хештан аз он номустаманд ва хушнуд аст. Ва ҳамоқату нодонӣ аст, ки ҳар касу хештан аз он мустаманду нохуш аст.
    Ва ягона орзуе, ки офаридгор Ҳурмузд аз мардумон хоҳад ин аст, ки «маро бишносед, чи ҳар ки маро бишносад, аз паси ман ояд ва ба хушнудии ман бикӯшад». Ва он ягона орзуи Аҳриман аз мардумаш ин аст, ки «маро нашиносед», чи ҳар касе, ки он бадкорро бишносад, аз паси он кирдор нашавад ва ҳеҷ гуна суду ёрӣ аз он мардум бад-ӯ нарасад.
    Ва он чи аз менуву гетӣ пурсидӣ, гетиро дар фарҷом марг ва нопойдорист. Ва мену дар фарҷом чунин аст, ки равони порсоён бе ҳеҷ гуна пириву марг ва осеб пурфарру пурромиш ҷовидона ҳаме бо эзадону амаҳраспандон ва фраваҳри некӯкорон бувад. Уқубат ва ҷазои бадкорон дар дӯзах ҷовидона аст. Ва равони бадкорон ҷуз ин ки ононро уқубат бувад, дидор бо девону дуруҷон низ чунин намояд, ки дар ҷаҳон (дидори) мардуми тандуруст бо бемори сахт.
  2. Пурсид доно аз Мену хирад, ки кадом мард далертар ва кадом роҳ бимноктар ва кадом омор сахттар ва кадом пайванд хуштар ва кадом кор пушаймонмандтар ва кадом бахшиш бесудтар (аст)?
    Мену хирад посух кард, ки он мард далертар (аст), ки бо деви хеш битавонад ситеза кунад. Ва ба вижа он ки ин панҷ девро аз тан дур дорад, ки ҳастанд Озу Хашму Шаҳвату Нангу Нохушӣ. Ва роҳи гузариш аз Чинводпул бимноктар (аст). Ва омори равони бадкорон шигифттар (аст). Ва пайванди фарзанд хуштару шоистатар (аст). Ва он кор пушаймонмандтар (аст), ки онро барои носипосон кунанд. Ва он бахшиш бесудтар (аст), ки ба носипосону ноарзандагон диҳанд.
  3. Пурсид доно аз Мену хирад, ки мардум чанд гунаанд? Мену хирад посух кард, ки мардум се гунаанд: яке мардум, яке ниммардум, яке нимдев.
пешина
аз 314
навбатӣ