Мероси хаттии бостон

Ҷилде аз силсилаи «Тоҷикон дар масири тамаддун» (Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Маркази тоҷикшиносӣ, 2013). Дар он осори хаттии бостонии ниёгони тоҷикон – адабиёти паҳлавӣ («Бундаҳишн», «Ардавирознома», «Ёдгори зарирон», андарзномаҳо ва ғ.) ва катибаҳои шоҳони Ҳахоманишӣ бо тарҷумаи тоҷикӣ ва тавзеҳот гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 314 саҳифа
Пурсиши нахуст Ахти ҷодугар аз Йушти Фриён ин пурсид, ки биҳишти ба гетӣ (буда) беҳ ё они ба мену? Йушти Фриён гуфт, ки зиндагон дар шукӯҳ бувад, палиди дурӯғпешаи ситамкори мурдагон ба дӯзах афтад. Чи биҳишти ба гетӣ (буда) беҳ, ки они ба мену. Ва нишони он ин аст, ки ҳар ки ба гетӣ кори нек накунад, он ҷо ба фарёди ӯ нарасанд. Ва туро нишони дигар ин, ки агар ба гетӣ чизи нек накунӣ, он гоҳ ба биҳишти нек нарасӣ. Ахти ҷодугар чун он сухан бишнид, фуру афтод ва чунин гуфт, ки бадии ман – Ахти ҷодугар аз ту – Йушти Фриён, ин ки бар ман чира (шудӣ), чунон ки некмард бар нектарин мард ва аспи некӯ бар некӯтарин асп ва гови некӯ бар некӯтарин гов. Чунон ки осмон бар замон подшоҳ аст, ман бад-ин пурсиш 900 муғмардро, ки эшон бас ситоиши Яздон мекарданд, бикуштам. Эшонро ба беш хӯрдани пароҳум4 ҳама тан зард буд. Ва ман нуҳ духтари Спитамонро бикуштам, ки эшон ситоиши динро афсари бо зару марворид аз шоҳон биёфтанд. Чун ман аз эшон пурсидам, эшон гуфтанд, ки биҳишти ба мену беҳ. Ман гуфтам, чун шумо чунин нек пиндоред, ҳамчунин хуб (мебуд), ки ба он биҳишти беҳ шавед. Ва ман эшонро гирифтаму куштам.
Пурсиши дувум ин пурсид, ки чист он чиз аз офариниши Ҳурмузд, ки ба кун нишинад баландтар, ки ба пой истад? Йушти Фриён гуфт, ки зиндагон дар шукӯҳ буванд, палиди дурӯғпешаи ситамкори мурдагон ба дӯзах афтад. Он саг аст.
Пурсиши севум ин пурсид, ки чист аз офариниши Ҳурмузд, ки раваду гом наниҳад? Йушти Фриён гуфт, ки зиндагон дар шукӯҳ буванд, палиди дурӯғпешаи ситамкори мурдагон ба дӯзах афтад. Он гунҷишк аст, ки раваду гом наниҳад.
Пурсиши чаҳорум ин пурсид, ки чист он чиз аз офариниши Ҳурмузд, ки дандон чун шох ва шох гӯштин? Йушти Фриён гуфт, ки зиндагон дар шукӯҳ буванд, палиди дурӯғпешаи ситамкори мурдагон ба дӯзах афтад. Чи онро хурӯс хонанд – мурғаки Сурӯши росткирдор, ки (чун) бонг кунад, Аҳриманро аз офариниши Ҳурмузд боз дорад.
Пурсиши панҷум ин пурсид, ки кӯдакро корд беҳ ё андак хӯрок. Йушти Фриён гуфт, ки зиндагон дар шукӯҳ буванд, палиди дурӯғпешаи ситамкори мурдагон ба дӯзах афтад. Кӯдакро корд беҳ, ки андак хӯрок. Чи ба корди кӯдак барсум5 шояд буридаву чидан ва андак хӯрок ба ишкам нарасад, бод ангезад.
Пурсиши шашум ин пурсид, ки чӣ пуру чӣ нимпур ва чист он чӣ ки ҳаргиз пур набувад? Йушти Фриён гуфт, ки зиндагон дар шукӯҳ буванд, палиди дурӯғпешаи ситамкори мурдагон ба дӯзах афтад. Он чӣ пур (аст) фаровонии шоиста он ҷост, чун бигзарад равон парҳезкор (бувад). Он чӣ нимпур (аст) бечорагии дарвеши бадзист, ки чун бимирад, равон парҳезкор (бувад). Они тиҳӣ ҳаргиз пур набувад, он бечораи бадзист, ки бимирад, равони ӯ палид (бувад).

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор