Зеҳн
Мероси хаттии бостон

Ҷилде аз силсилаи «Тоҷикон дар масири тамаддун» (Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Маркази тоҷикшиносӣ, 2013). Дар он осори хаттии бостонии ниёгони тоҷикон – адабиёти паҳлавӣ («Бундаҳишн», «Ардавирознома», «Ёдгори зарирон», андарзномаҳо ва ғ.) ва катибаҳои шоҳони Ҳахоманишӣ бо тарҷумаи тоҷикӣ ва тавзеҳот гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 314 саҳифа

ТаърихФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

Пурсиши бисту ҳаштум пурсид, ки занон аз чӣ (дар) оромиши бузурганд? Йушти Фриён гуфт, ки зиндагон дар шукӯҳ буванд, палиди дурӯғпешаи ситамкори мурдагон ба дӯзах афтад. На чунин (аст) чунон ки ту андешӣ. Чунин (аст), ки ман андешам. Ту чунин андешӣ, ки занонро оромиши бузург аз пӯшоки гуногуну кадбонуии сазовор, ки борояшон доранд, ҳаст. Чунин нест. Занонро оромиши бузург аз будан бо шӯи хеш (аст). Ахти ҷодугар гуфт, ки дурӯғ гӯӣ. Туро ба ин пурсиш бикушам. Акнун биё ба назди Ҳуфриҳ равем, он ки хоҳари ту ва зани ман аст. Ӯ ҳаргиз дурӯғ нагуфта ва нагӯяд ва ба гуфтори ӯ биистем. Йушти Фриён пазируфт ва Ахти ҷодугар бо Йушти Фриён ба назди Ҳуфриҳ шуданд ва гуфтанд, ки биншин (ва) ин пурсиш ба ростӣ бигӯй. Йушти Фриён гуфт, ки занонро оромиши бузург аз пӯшоки гуногуну кадбонуии сазовор, ки доранд, ҳаст ё оромиши бузург аз будан бо шӯи хеш (аст)? Пас Хуфриҳ андешид, ки ситамкорӣ ба ман омад. Ин палиди дурӯғпешаи ситамкор маро нагзорад (ва) бикушад. Чи агар дурӯғ гӯям, дурӯғпеша будам ва доду дину оин табоҳ шавад.
Аммо чун маро ба оини ростӣ бикушад, поктар бошам. Ва ӯ чодар бипӯшид ва гуфт, ки занонро оромиши бузург аз пӯшоки гуногуну кадбонуии сазовор (аст), аммо чун ононро ҳамхобӣ (бо шавҳар) нест, бадард ва ноором (буванд). Чиз низ оромиши онон нест, балки дарду душворист. Ва чун ононро ҳамхобӣ (бо шавҳар) бо ин (чизҳо) якҷост, он гоҳ эшон баоромиштар буванд. Пас Ахти ҷодугар чун ин сухан бишнид, хашм гирифт ва Ҳуфриҳро ҳамон замон бикушт ва равони Ҳуфриҳ ҳамон замон ба биҳишт шуд. Ва ӯ бонг кард, ки ман некам. То кунун пок будам ва акнун поктарам. Ту Ахти ҷодугари зишт то кунун дуруғпеша будӣ ва акнун дурӯғпешатар шудӣ.
Пурсиши бисту нуҳум ин пурсид, ки чист он ки уро даҳ пой, се сар, шаш чашм, шаш гӯш, ду думб, се тухм, ду даст, се бинӣ, чаҳор шох, се пушт (аст) ва ҳама ҷаҳонро зиндагиву дороӣ аз ӯст? Йушти Фриён гуфт, ки зиндагон дар шукӯҳ буванд, палиди дурӯғпешаи ситамкори мурдагон ба дӯзах афтад. Чи аз Дин (Авесто) чунин пайдост, ки чун пешоб ояд, пурсиш бипурсанд, (аз рӯи) оин посух накунанд. Ва Ахти ҷодугар гуфт, ки бирав ба ҷои наздик биншин, пешоб куну зуд ой ва пурсиш рост посух кун. Чи агар дурӯғ гӯӣ ё гӯӣ, ки надонам, туро ҳамин замон бикушам. Йушти Фриён бирафт ва бар мағок биншаст ва дар пиндор андешид, ки андӯҳ ба ман низ омад, ки ин палиди дурӯғпешаи ситамкор (ҳар) киро, ки раҳо накунад, ӯро бикушад. Зинда ва ё мурда, ки боз зинда шавад, ин пурсиш посух гуфтан натавонад. Пас Ҳурмузд Худо Изад Нериосангро ба пайғом ба (назди) Йушти Фриён фиристод ва бад-ӯ гуфт, ки пурсишро посух деҳ, ки ин гове ҷуфт аст, ки бо марде, ки кори барзагарӣ кунад. Ва Йушти Фриён чун касе надид, бонг бишнид, дар гумон шуд. Ва ӯ андешид, ки магар Аҳриману девонанд ва эшонро орзу ин (аст), ки маро бикушанд. Ва агар ман ин пурсиш ҳамон гуна посух диҳам, он палиди дурӯғпешаи ситамкорро бикушанд. Ва пас Нериосанг Изад ба назди Йушти Фриён омад ва гуфт, ки матарс, ки манам Нериосанг Изад, ба назди ту омадам. Ҳурмузд Худо бад-ӯ гуфт, ки ин пурсиш посух деҳ, чӣ гове ҷуфт аст бо марде, ки барз кунад. Ва Йушти Фриён чун сухан бишнид, сахт хушнуд шуд ва ҳамон замон ба назди Ахти ҷодугар рафт ва гуфт, ки эй палиди дурӯғпешаи ситамкор, ин пурсишро посух ин аст. Ин говест ҷуфт бо марде, ки кори барзагарӣ кунад. Ахти ҷодугар чун он сухан бишнид, ҳамон замон ошуфта шуд ва се шабу рӯз ошуфта буд. Ва пас аз се шабу рӯз ба ҳуш омад (ва) ба Йушти Фриён гуфт, ки фаррухиҳо турост, Йушти Фриён, ки умед ба Ҳурмузд Худо кардӣ, ки ҳамон замон ба пушту ёрии ту расид.

пешина
аз 314
навбатӣ