Мероси хаттии бостон

Ҷилде аз силсилаи «Тоҷикон дар масири тамаддун» (Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Маркази тоҷикшиносӣ, 2013). Дар он осори хаттии бостонии ниёгони тоҷикон – адабиёти паҳлавӣ («Бундаҳишн», «Ардавирознома», «Ёдгори зарирон», андарзномаҳо ва ғ.) ва катибаҳои шоҳони Ҳахоманишӣ бо тарҷумаи тоҷикӣ ва тавзеҳот гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 314 саҳифа
Бобак шод шуд ва фармуд, ки тан ба обзан (ҳаммом) кун. Ва фармуд, то як даста ҷомаву мӯзаи шоҳвор оварданд ва ба Сосон доданд, ки бипӯшад. Сосон чунин кард. Ва Бобак Сосонро фармуд, ки чанд рӯзе ба хӯришу дороии некӯ ва сазовор парвариш ёбад. Пас ӯ духтари хеш ба занӣ додаш.
II
Дар зода шудани Ардашери Бобакон ва чигунагии ӯ бо Ардавон дар нахчиргоҳ
Сарнавишт бояд буда, ки дарҳол он духтар обистан шуду Ардашерро бизод. Бобак чун танумандиву чобукии Ардашер бидид, донист, ки он хоб, ки дида буд, рост будааст. Ва ӯ Ардашерро ба фарзандӣ пазируфт, гиромӣ дошту парвардаш. Чун ба синну ҳангоми фарҳанг расид, ба дабириву аспсаворӣ ва дигар ҳунарҳо чунон парвариш ёфт, ки дар Порс номӣ шуд. Чун Ардашер ба синни шонздаҳсолагӣ расид, ба Ардавон огаҳӣ омад, ки Бобакро писарест ба фарҳанг ва аспсаворӣ варзидаву шоиста. Ва ӯ ба Бобак нома кард, ки мо шунидем, ки Шуморо писарест ба фарҳанг ва аспсаворӣ басе варзида. Орзуи мост, ки ӯро ба даргоҳи мо фиристӣ ва назди мо ояд, то бо фарзандону шоҳзодагон бошад ва ӯро ба фарҳанге, ки ҳасташ, подош фармоем.
Бобак чун аз он ки Ардавон комгортар буд, дигар чора кардан ва он фармон рад кардан натавонист. Ӯ дар ҳол Ардашерро биорост ва бо даҳ бандаву басе чизҳои сазовору аҷиб ба пеши Ардавон фиристод.
Ардавон чун Ардашерро дид, шод шуд ва гиромӣ дошташ. Фармуд, ки ҳар рӯз бо фарзандону шоҳзодагони вай ба нахчиру чавгон шавад. Ардашер чунин кард. Ба хости Яздон дар чавгону аспсавориву шатранҷу нард ва дигар ҳунарҳо аз ҳама эшон чираву набардозмуда буд.
Рӯзе Ардавон бо саворону Ардашер ба нахчир шуда буд. Гӯре дар дашт бигзашт ва Ардашеру писари меҳтари Ардавон аз паси он гӯр битохтанд. Ардашер дар расид ва тире ба гӯр чунон зад, ки гӯр ба ҷой бимурд. Ардавону саворон расиданд ва чун ин заниш3 бад-ин оин диданд, тааҷҷуб карданд. Пурсиданд, ки инро кӣ кард? Ардашер гуфт, ки ман кардам. Писари Ардавон гуфт, ки не, ман кардам. Ардашер хашм гирифт ва ӯ ба писари Ардавон гуфт, ки ҳунару мардонагӣ ба ситамгариву бешармӣ ва дурӯғу бедодгарӣ ба хештан кардан натавон. Ин дашт накуст ва гӯр бисёр, ману ту дубора озмоиш кунем ва некӯиву далериву чобукӣ аз худ падид оварем.
Ардавон аз ин тааҷҷуб кард ва пас аз он Ардашерро нагузошт бар асп нишинад. Ӯ Ардашерро ба охури сутурон фиристод ва фармуд, ки нигар, то шабу рӯз аз наздики сутурон ба нахчиру чавгон ва фарҳангистон нашавӣ! Ардашер донист, ки Ардавон ин аз рашку бадкомӣ гӯяд.
Ва ӯ андар замон достон чунон буд, нома ба Бобак навишт. Бобак чун нома бидид, андӯҳгин шуд ва дар посух, ки ба Ардашер кард, навишт, ки ту нодонӣ кардӣ, чун ба чизе, ки аз он зиён нашояд будан. Бо бузургон ситеза бурдӣ ва сухан бо овози дурушт бад-ӯ гуфтӣ. Акнун тавба гӯй ба гуноҳ, ба дуои патитӣ4. Бидон чун доноён гуфтаанд, ки душман ба душман он натавонад кард, ки марди нодонро аз кирдори хеш расадаш. Инро низ гуфтаанд, ки аз он кас, ки ҷуз вай натавонӣ, мустаманд мабош. Ва ту худ донӣ, ки Ардавон бар ману ту ва бас мардумони ҷаҳон ба тану ҷон ва дороӣ подшоҳест комронтар. Акнун андарзи ман ба ту, сахттар, ин аст, ки ягонагиву фармонбардорӣ кун ва шукӯҳи хеш ба нобудӣ маспор!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор