Зеҳн
Мероси хаттии бостон

Ҷилде аз силсилаи «Тоҷикон дар масири тамаддун» (Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Маркази тоҷикшиносӣ, 2013). Дар он осори хаттии бостонии ниёгони тоҷикон – адабиёти паҳлавӣ («Бундаҳишн», «Ардавирознома», «Ёдгори зарирон», андарзномаҳо ва ғ.) ва катибаҳои шоҳони Ҳахоманишӣ бо тарҷумаи тоҷикӣ ва тавзеҳот гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 314 саҳифа

ТаърихФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

Шаҳристони Ҳератро25 Шопури Ардашерон кард ва ӯ Миҳрзод марзбони Ҳератро ба дарёчаи Тозиён гумошт.
Шаҳристони Ҳамадонро Яздигирди Шопурон кард, ки онро Ваҳром-Гӯр хонанд.
Бисту як шаҳристон дар Патишхворгар карда шуд, аз Армоил. Ҷуз аз фармони Армоил эшон кӯҳиёрон26 шаҳр (бунёд) карданд, ки ононро кӯҳ аз Ажи Даҳок ба шаҳриёрӣ расида буд. Фармонравоёни кӯҳистон ҳафт то бошанд: Дамованд, Висемакон, Хоқон, Виспуҳр, Субориш ва Мусркон. Ин буд, ки эшонро аз Ажи Даҳок шаҳриёрии Кӯҳистон расида буд.
Шаҳристони Мусилро27 Пирӯзи Шопурон кард. Нуҳ шаҳристон дар сарзамини Газираг28 (бунёд) карда шуд. Ва (онро) Ҳамтус бародарзодаи Қайсари Рум (бунёд) кардааст. Сиву чаҳор шаҳристон дар сарзамини Шому29 Яману30 Фрико31, Куфа32 ва Маккаву33 Мадина34 (бунёд) карда шуд. (Дар он ҷо) шоҳаншоҳ ва қайсар аст.
Дар сӯи Нимрӯз35 шаҳристони Ковулро36 Ардашери Спандидотон (бунёд) кардааст. Шаҳристони Рахватро37 Раҳоми Гутарзин кард. Бад-он гоҳ ки ӯ Аспварзвари Турро бикушт ва Йабб-хоқонро он ҷо дар ҳам шикаст. Шаҳристони Бустро38 Баствари Зарирон кард, бад-он гоҳ ки Гуштоспшоҳ (дар) парастиши дин дар Фраздон буд ва урдугоҳи Гуштосп ва дигар бузургзодагон он ҷо буд- Шаҳристони Фароҳ39 ва шаҳристони Зобулистонро40 Рустам шоҳи Систон кард.
Шаҳристони Зарангро41 нахуст гуҷаста Афросиёби Тур кард. Ва ӯ оташи пирӯзманди Каркӯйро он ҷо нишонд. Ва ӯ Манучеҳрро ба Патишхворгар42 фиристод ва Спандармадро ба занӣ хост ва Спандармад ба замин биомехт. (Ӯ) шаҳристонро вайрон кард ва оташро хомӯш кард. Кайхусрави Сиёвахшон шаҳристонро боз (бунёд) кард ва ӯ оташи Каркӯйро боз нишонд. Ва Ардашери Бобакон шаҳристонро анҷом бахшид.
Шаҳристони Кирмонро43 пирӯзон Кирмоншоҳ кард. Шаҳристони Веҳ-Ардашерро44 се шоҳ (бунёд) карданд ва
Ардашери Бобакон (онро) анҷом дод. Шаҳристони Стахрро45 Ардавон шоҳи порсоён кард. Шаҳристони Доробгирдро46 Дорои Дороён кард.
Шаҳристони Веҳ-Шопурро47 Шопури Ардашерон кард. Шаҳристони Гур-Ардашер-хурраро48 Ардашери Бобакон кард. Шаҳристони Тувакро49 Хумои Чиҳрзодон кард. Шаҳристони Ҳурмузд-Ардашерон (ва) шаҳристони Ром-Ҳурмуздро50 Ҳурмузди Нев-Шопурон кард. Шаҳристони Шус51 ва Шустарро52 Шишиндухт зани Яздигирди Шопурон кард. Ӯ духтари сарвари рондашудагони шоҳи яҳудиён ва модари Баҳроми Гӯр буд. Шаҳристони Вандуи Шопур53 ва шаҳристони Эрон-хварра-кард-Шопурро54 Шопури Ардашерон кард ва онро Палобод55 ном ниҳод.
Шаҳристони Наҳр-тираг56 дар (замони) подшоҳии бедодгаронаи Ажи-Даҳок барои шабистон (ҳарамсарой) бунёд шуд. Ва зиндони Эроншаҳр буд, (онро) зиндони Ашкон ном буд.
Шаҳристони Симлонро57 Фаридуни Атвиён кард. Ва ӯ Меивар шоҳи Симлонро бикушт ва сарзамини Симлонро боз ба (фармонравоии) Эроншаҳр бурд. Ва ӯ дашти тозиро ба амлоки хусусӣ ва меросӣ ба Бахт-Хусрӯй – шоҳи тозӣ дод, то пайванди инро вай дороии хеш (кунад).

пешина
аз 314
навбатӣ