Зеҳн
Мероси хаттии бостон

Ҷилде аз силсилаи «Тоҷикон дар масири тамаддун» (Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Маркази тоҷикшиносӣ, 2013). Дар он осори хаттии бостонии ниёгони тоҷикон – адабиёти паҳлавӣ («Бундаҳишн», «Ардавирознома», «Ёдгори зарирон», андарзномаҳо ва ғ.) ва катибаҳои шоҳони Ҳахоманишӣ бо тарҷумаи тоҷикӣ ва тавзеҳот гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 314 саҳифа

АдабиётТаърихФарҳанг
Аз аввал хондан

Фарҷом ёфт ба дуруду шодиву ромиш, шоду аҳлуву фарруху дерзивашу перӯзгару комравову команҷом бод, касе, ки (инро) навишт ва касе, ки хешро ва низ барои каси дигар низ бихонод ва касе, ки кор фармояд. Эдун бод! Эдунтар бод! Ашим. Аҳлоӣ ДАР БОРАИ ОИНИ НОМАНАВИСӢ1 Ба номи Яздон 1. Акнун навишта мешавад (бо) навишта(е) басазо номае ба якояки фармонравоён, ба подшоҳон ва меҳон ва ашроф ҳаме перӯзгар, ба ҳама коргузорони фаррухтар, ба онон, ки нисбат ҳар офаринӣ арзанда (лоиқ) ҳастанд, яздонпаноҳ ва ёридиҳандаи кишвар ба фурӯдастони анӯш ёди ҳазор анӯш, ба бандагон ва фурӯдастон ҳазор анӯш ёд (ба онон ки) аз анӯша ёди (он) андак фароз дошта шудаанд, боозармтарин (ва) гиромитарин (афрод) ба падар ё бародарон ё фарзандон ё ба онон, ки ҳаммонанди падар ва бародар ва фарзанд ҳастанд.
2. Шуморо аз ганҷи фузуниёбандаи Яздон дерзивашӣ бо тандурустӣ, саодат бо эҳтироми комил, ҷовидонфаррухӣ бо тадовум ва саломатии моно2 ва ромиши ногузар ва офарини бекарони оҷил ва бузургном(-е) бо дурахшандагии ҳамешагӣ ва бартарин аҳлоӣ бо росткории равон, бартарин эҳтиром ба бегумонӣ ба хеш, ба ин фаррухтан ва ҷонанӯша ба камол бошад. Фарҷом ёфт ба дуруд.
3. Бошад, ки эзадон шуморо ҳамвора андар фузунӣ (баракат) бо иззат, рой4 ва фараҳи бошукӯҳ ва бешумор ва шодмонии порсоӣ, хиради комил ва команҷом3 бидоранд.
4. Бошад, ки шуморо аз Яздон эҳтиром бирасад ба гунаи дилхоҳу рой ва ном, бо пуровозагии ном ва нерӯи боланда, бо нерӯмандӣ ва сиришту тақдири бо шабоҳат (ба сиришт ва тақдири) эзадон ва ситоиши шукӯҳманд бо озодгавҳарӣ5, кардаи пок6 бо баҳраи комил ва бузургкирдорӣ бо ёфтани (ҷазби) беҳон, (тамоми ин маворид) бар ин тан муназзаҳ ба камол7, ба ком бод.
5. Эй бузургумед, бахшоишгар, фарёдраси бисёр касон, (эзадон шуморо) аз ҳар таорузе безор, дур ва дар парҳез бидоранд, эй ҳаме перӯзгар, Баҳмон писари Баҳмон!
6. Эй бузургкирдор, роинидори8 кишвар, фароруни9 варзанда ва ёридиҳандаи дарвешон ва офаридагон, умеддиҳанда, Баҳмон писари Баҳмон!
7. Эй перояҷаҳон, шукӯҳи кишвар ва нигаҳбони устон(ҳо), Баҳмон писари Баҳмон!
8. Эй силоҳи эзадон ва нерӯи ҳунаровандон10 ва пуштибони фурӯтанон ва паноҳи маздиснон, Баҳмон писари Баҳмон!
9. (Эзадон) ҳама (шуморо) андар афроз11 ҳар фаррухӣ афзун ва дорои ҳама гуна эҳтиром ва (дар) шодмонии ҳар ду
ҷаҳон команҷом бидоранд.
10. Эй ба тухмаи озода ва сутуда ба ҳунар ва дар куниш пок ва комил дар хирад ва номӣ12 ба ҳар беҳӣ, Баҳмон писари Баҳмон!
11. Эй фаротарин дар доноӣ ва ба чеҳр13 сутуда ва дорои дурахшиши тобон андар замона ва фарёдрас андар ҳар ду ҷаҳон.

пешина
аз 314
навбатӣ