Зеҳн
Мероси хаттии бостон

Ҷилде аз силсилаи «Тоҷикон дар масири тамаддун» (Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Маркази тоҷикшиносӣ, 2013). Дар он осори хаттии бостонии ниёгони тоҷикон – адабиёти паҳлавӣ («Бундаҳишн», «Ардавирознома», «Ёдгори зарирон», андарзномаҳо ва ғ.) ва катибаҳои шоҳони Ҳахоманишӣ бо тарҷумаи тоҷикӣ ва тавзеҳот гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 314 саҳифа

ТаърихФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

Дорои шоҳ мегӯяд: ба сеюмин бор ошубгарон фароҳам омаданд [то] алайҳи Додаршиш корзор бикунанд. Дар Арминиа Уйамо ном дизе[ст] - дар қамон ҷо корзор карданд. Аҳурамаздо ёрӣ-м бидод. Ба бузургии Аҳурамаздо сипоҳи ман у сипоҳи ошубгарро бизад (бикушт) бас (сарбасар). Аз моҳи Сайграчиш 9 рӯз гузашта буд ки бо-шон корзор карда шуд. Пасон Додаршиш то ман ба Мод расидам ба Арминиа маро [ҳайрон интизор] бимонд.
Дорои шоҳ, мегӯяд: пасон у Ваумиса ном порс - бандаи ман (худам)-ро ба Арминиа фиристодам. Ин бигуфтамиш: «Бирав у сипоҳи ошубгарро [ки] худро аз [они] ман намегуяд, бизан (бикуш)». Пасон Ваумиса бишуд. Чун ба Арминиа фаро расид, пасон ошубгарон фароҳам омаданд то алайҳи Ваумиса корзор бикунанд. Изала ном диҳест дар Ассириа - ҳамон ҷо корзор карданд. Аҳурамаздо ёрӣ-м бидод. Ба бузургии Ахурамаздо сипоҳи ман у сипоҳи ошубгарро бизад (бикушт) бас (сарбасар). Ҳин, 15 рӯз аз моҳи Аномака гузашта буд ки бо-шон корзор карда шуд.
Дорои шоҳ мегӯяд: Ба бори дуюм ошубгарон фароҳам омаданд то ба Ваумиса корзор кунанд. Аутийора ном диҳ [ест] дар Арминиа - дар ҳамон ҷо корзор карданд. Аҳурамаздо ёрӣ-м бидод. Ба бузургии Аҳурамаздо сипоҳи ман у сипоҳи ошубгарро бизад (бикушт) бас (сарбасар). Ҳин фарҷоми моҳи Тураваҳара буд ки бо-шон корзор шуда буд. Ваумиса маро [ҳайрон интизор] ба Арминиа бимонд то ман ба Мод расидам.
Дорои шоҳ мегӯяд: пасон ман аз Бобируш раҳсипор шудам ба Мод шудам. Чун ман фаро ба Мод расидам, -[он ҷо, бо] Кундура ном шаҳраке[ст] дар Мод - аз он ҷо ӯ Фравартиши модӣ ки хешро шоҳи Мод хонда, омада буд або сипоҳ то бо ман корзор кунад. Пасон корзор кардем. Аҳурамаздо ёрӣ-м бидод. Ба бузургии Аҳурамаздо сипоҳи Фравартишро ман бизадам (бикуштам) бас (сарбасар). Ҳин аз моҳи Адуканайша 25 руз гузашта буд ки мо корзор кардем.
Дорои Шоҳ мегуяд: пасон Фравартиш бо суворони кам бигурехт ва ба Рай (Рага) ном диҳи Мод бишуд. Пасон ман аз пайиш сипоҳ фиристодам. Фравартиш гирифтор оварда шуд назди ман. Ман нойу (биниву) гушҳову забониш бибуридам ҳамчинин як чашмиш бикофтам, бар дарам баста доштимиш ҳама мардум дидиш, пасон ба Ҳамадон сари сихиш кардам ва ӯ мардонеро ки пештар ёрониш буданд, ба Ҳамадон бар як диже ба доршон биовехтам.
Дорои шоҳ мегӯяд: Читратахма ном марде сагартӣ - у ба ростои ман ошубгар буд. Ба мардум ин бигуфт: «Ман шоҳам ба Сагартиа аз тухмаи (парваз) Увахштар (Киаксар)». Пасон он сипоҳи порсӣ ва модӣ-[мро] фиристодам [бар алайх-ш], Таҳмаспода ном Модӣ бандаи ман (худам)-ро ба [сар]шон миҳтар (сарвар) бикардам. Ҳин, чинин бигуфтамшон: «Биравед, сипоҳи ошубгарро ки аз [они] ман хешро намешуморанд, (айнан: намегӯянд), бизанед (бикушед)». Пасон Таҳмаспода або сипоҳ бишуд [ба Сагартиа] ва корзор кард або Читратахма. Аҳурамаздо ёрӣ-м бидод. Ба бузургии Аҳурамаздо сипоҳи ман ӯ сипоҳи ошубгарро бизаду (бикушт) Читратахма гирифтор ба назди ман оварда шуд. Пасон ман нойу (бани) гушҳош бибуридам, ҳамчинин як чашмиш бикофтам, ба дарбориш баста бидоштам то ҳама мардум дидиш. Пасон дар Арбайра сари сихиш кардам.

пешина
аз 314
навбатӣ