Мероси хаттии бостон

Ҷилде аз силсилаи «Тоҷикон дар масири тамаддун» (Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Маркази тоҷикшиносӣ, 2013). Дар он осори хаттии бостонии ниёгони тоҷикон – адабиёти паҳлавӣ («Бундаҳишн», «Ардавирознома», «Ёдгори зарирон», андарзномаҳо ва ғ.) ва катибаҳои шоҳони Ҳахоманишӣ бо тарҷумаи тоҷикӣ ва тавзеҳот гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 314 саҳифа
Дорои шоҳ мегӯяд: пасон ман Ваҳйаздота ва мардоне ки пештар ёрониш буданд - Уводайкайа ном диҳ [ест] ба Порс - ҳамон ҷо ба сихшон нишондам.
Дорои шоҳ мегуяд: ин[аст] он [ҳама чизе] ки аз ҷониби ман карда (шуда) ба Порс.
Дорои шоҳ мегӯяд: у Ваҳйаздотаи Арахозиа ки худро Бардиа хонда ӯ [худ] сипоҳ[е] фиристод ба Ҳараҳуваитиш (Арахозиа) ба [сари] Вивона ном порс бандаи ман, хшатрапаванти (сатрап) Ҳараҳуватиш. Мардеро миҳтар (сарвар) бикард чинин бигуфтшон: «Биравед Вивонаро бизанед (бикушед)
ва у сипоҳеро ки худро [моли] Дорийуш мегуяд (мехонад)». Пасон ӯ сипоҳ ки Ваҳйаздота баҳри ба [сари] Вивона корзор кардан фиристод, бишуд. Капишакониш ном диз [ест] - ҳамон ҷо корзор карданд. Аҳурамаздо ёрӣ-м бидод Ба бузургии Аҳурамаздо сипоҳи ман сипоҳи ошубгарро бизад (бикушт) сарбасар. Аз моҳи Аномака 13 рӯз гузашта буд ки ба [сар]шон корзор карда шуд.
Дорои шоҳ мегӯяд: пас аз он [боз] ошубгарон фароҳам омаданд то ба Вивона корзор кунанд. Гандутава ном диҳ [аст] - ҳамон ҷо корзор карданд. Аҳурамаздо ёрӣ-м бидод. Ба бузургии Ахурамаздо сипоҳи ман у сипоҳи ошубгарро бизад (бикушт) сарбасар. Аз моҳи Вйахна 7 рӯз гузашта буд ки корзор або-шон карда шуд.
Дорои шоҳ мегӯяд: пасон ӯ мард ки ӯ сипоҳро миҳтар буду ӯро Ваҳйаздота ба сари Вивона фиристода буд-ӯ бигурехт або суворони кам, бишуд [куҷое]. Аршода ном диз [аст] ба Ҳараҳувайтиш - пас аз он [боз] зий он омад. Пасон Вивона або сипоҳ аз пайиш бишуд. Он ҷо у гирифтиш (гирифтор-ш кард) ва мардонеро ки пештар ёвариш буданд, бизад (бикушт).
Дорои шоҳ мегӯяд: пасон ӯ диҳи (кишвар) ман буд. Ин [аст] он [ҳама чизе] ки аз ҷониби ман карда шуда ба Ҳараҳувайтиш.
Дорои шоҳ мегӯяд: он замон ки ман ба Порсу Мод будам, бори дуюм бобулиҳо паймоншикастам буданд. Марде Арха ном, арманӣ, пури Халдита - ӯ ошуб барпо кард ба Бобул. Дубола ном диҳ [аст] - аз он (ҳамон) ҷо ӯ ба мардум ин дурӯғ гуфт: «Ман Набукудрачара (Небучадрезар)-ам пури Набунайта (Набонид)». Пасон мардуми Бобул паймон шикаста-м буду або у Арха бишуд. Бобулро у гирифтак. Ӯ шоҳ буд ба Бобул.
Дорои шоҳ мегӯяд: пасон ман сипоҳ ба Бобул фиристодам. Виндафарна ном порс, бандаи худам (айнан: ман) - уро миҳтар-шон кардам (гумоштам). Ин гуфтам-шон: «Бираведу ӯ сипоҳи бобулиро бизанед (бикушед) ки худро [моли] ман намегуяд (намехонад)». Пасон Виндафарна або сипоҳ ба Бобул бишуд. Аҳурамаздо ёрӣ-м бидод. Ба бузургии Аҳурамаздо Виндафарна бобулиёнро бикушт ва баста овард. Рӯзи 22-уми моҳи Вирказана гузашта буд ки он ҷо ӯ Архаи хешро Набукудрачара гуфта ва мардоне ки пештар ёриш буданд, гирифта (дастгир) шуданд. Пасон [ман] ҳишта додам (фармудам) то Архаву мардоне ки пештар ёвари ӯ буданд, ба Бобул ба сих нишонда (шуда) бошанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор