Зеҳн
Мероси хаттии бостон

Ҷилде аз силсилаи «Тоҷикон дар масири тамаддун» (Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Маркази тоҷикшиносӣ, 2013). Дар он осори хаттии бостонии ниёгони тоҷикон – адабиёти паҳлавӣ («Бундаҳишн», «Ардавирознома», «Ёдгори зарирон», андарзномаҳо ва ғ.) ва катибаҳои шоҳони Ҳахоманишӣ бо тарҷумаи тоҷикӣ ва тавзеҳот гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 314 саҳифа

ТаърихФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан
  1. «Ман Дориюш ҳастам, шоҳи бузург, шоҳи шоҳон, шоҳи мардумоне аз тамоми таборҳо, шоҳи рӯи ин замини бузург то дурдаст, писари Виштоспа, ҳахоманишӣ».
  2. Дориюшшоҳ мегӯяд: «Ман порсӣ2 ҳастам аз Порс, Мисрро гирифтам3; фармон додам ин таръаро бикананд, аз рӯде ба номи Нил4, ки дар Миср равон аст, ба тарафи дарёе, ки аз Порс меояд; он гоҳ, ин таръа канда шуд, ҳамон гуна ки ман фармон дода будам ва киштиҳо аз Миср, аз тариқи ин таръа, ба сӯи Порс рафтанд бино ба хости ман».
    КАТИБАҲОИ ХШАЙОРШО*
    Катибаи зидди девони Хшайоршо
    Бағ (Худо)-и бузург [аст] Аҳурамаздо ки ин бумро дод [он Худое] ки ӯ осмонро дод (офарид) [он Худое] ки мардро (одамро) дод, [он Худое] ки шодиро (хушбахтиро) дод баҳри одамон, [он Худое] ки Хшайоршоҳро шоҳ кард – ягона (беҳамто) миёни шоҳон, ягона миёни фармонравоён.
    Ман Хшайоршо [ам] – шоҳи бузург, шоҳи шоҳон, шоҳи диҳҳои гуногунзабон, шоҳ дар ин буми бузург, дуродур (бекирон), пури Дорои шоҳи шоҳон, хахоманишинӣ, порс, пури порс, орӣ, оризод.
    Хшайоршои шоҳ, мегӯяд: ба бузургии Аҳурамаздо ин [аст] он диҳҳо (кишвар) ки ба саршон ман шоҳам дури дур [уфтода бархешон] аз Порс ман ба саршон подшоҳӣ кардам, маро боҷ овардандӣ, чизе ки аз ман гуфта шуда, он кардандӣ, доди маро риоя кардандӣ: Мод, Хузистон, Харауватиш (Арахозиа), Армина, Зранка (Дрангиана), Партава (Парфиа), Ҳарайва (Арена), Бохтриш (Бактриа), Суғд, Хуваразмиш (Хворазм), Бобируш, Атура (Ассириа), Сатагуш (Саттагидиа), Спарда (Лидиа), Мудрая (Миср), [Кишвари] Йаунаҳои (Иониа) сокини дарё ва сокини фаросӯи дарё, [мардуми] Маки, Арабая (Аравиа), Гандора, Ҳиндуш, Катпатука (Каппадокиа), диҳҳи [кишвар] сакҳои ҳаумаварга, сакҳои тиграхауда, Скудра, [кишвари] Акауфакиа, Путиа, Корка, Кушия (Эфиопиа).
    Хшайоршои шоҳ мегӯяд: он замон ки ман шоҳ будам, миёни диҳҳое (кишвар) ки ба боло навишта шуданд, диҳҳои барошуфта буд (айнан: ҳаст). Пасонам Ахурамаздо ёрӣ бидод. Ба бузургии Аҳурамаздо ӯ диҳҳоро ман бизадам ва [ба мавқиъҳои пешиншон] нишондамшон. Ва миёни онҳо диҳҳое буд ки дар онҳо пештар девҳо ёд мешуданд (парастида мешуданд). Пасон ба бузургии Аҳурамаздо, ман ӯ девдонҳо (айадони девҳо) бар кандам ва фармудам (иълон кардам) ки «дивон мепараст[ед]». Он ҷо ки пештар девон парасто (ёд) мешуданд, ҳамон ҷо ман Аҳурамаздоро ёд кардам ба Артаи Бразманӣ.
    Ва чизҳои дигар буд ки бад карда (шуда) буд, он ҳамаро ман хуб кардам. Ба бузургии Аҳурамаздо кардам. Аҳурамаздом ёрӣ бидод, то ман [чизе ки бояд мекардам] кардам (бо анҷом расондам).
    Ту ка (Эй он ка) ойинда [меоӣ], агар гу мехоҳӣ (айнан: меандешӣ) ки шод (хушбахт) бошӣ ба зиндагӣ[-т] ва артавӣ (пас
пешина
аз 314
навбатӣ