Зеҳн
Мероси хаттии бостон

Ҷилде аз силсилаи «Тоҷикон дар масири тамаддун» (Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Маркази тоҷикшиносӣ, 2013). Дар он осори хаттии бостонии ниёгони тоҷикон – адабиёти паҳлавӣ («Бундаҳишн», «Ардавирознома», «Ёдгори зарирон», андарзномаҳо ва ғ.) ва катибаҳои шоҳони Ҳахоманишӣ бо тарҷумаи тоҷикӣ ва тавзеҳот гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 314 саҳифа

ТаърихФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

Пас бузург шодӣ кард (пас ба Ҳурмуздпадар офарин кард, пас шоҳаншоҳ Шаҳпур офарин кард, пас ба хештан офарин кард. Пас ба он касон офарин кард, ки ин кохро сохтанд).
Катибаи Нарса дар Пойкулӣ
Аз наҷибзодагону аркупз ва бузургону озодон фиристода бар мо (ба сӯи мо) омад, ки шоҳони шоҳ ба муборакӣ ва некӣ аз Арманистон ин ҷо (ба саодат) бар Эроншаҳр басич мефармояд ва фарру шукӯҳу кишвару тахти хеш ва подшоҳии маврус аз ниёконро аз Яздон мепазирад.
ҚИТЪАҲО
ҚИТЪА
Ба номи Ҳурмузд

  1. Барои карафа кардан ранҷ барои хештан бояд пазируфт. 2. Андар ҳар гоҳ ва замони фарорунӣ ба маниш бояд дошт.
  2. Ва барои суди гетӣ музди мину набояд ҳишт. 4. Чизи гетӣ(ро) хор ва он минуро гиромӣ бояд дошт. 5. Он судро набояд суд доштан, ки пас аз он зиён бисёр бувад.
  3. Ва он ромишро набояд ромиш доштан, ки пас аз он оғоз андӯҳ бувад.
  4. Он хуширо набояд хушӣ доштан, ки пас аз он талхии гарон бувад.
  5. Ва он хостаро набояд хоста доштан, ки ба тану равон нарасад.
  6. Он дӯстро набояд дӯст доштан, ки андар сахтӣ ба фарёд нарасад.
  7. Ва он фарзандро набояд фарзанд доштан, ки фармони падару модар набарад.
  8. Ва он занро набояд зан доштан, ки фармонбардори шӯй набувад ва суду зиён ва андӯҳу ромиши шӯйро ҳамчун они хештан надорад, бо шӯй ҳамсуд ва ҳамзиён набувад, чи ӯ аз ҳар душман бадтар аст.
    Фарҷом ёфт.
    ҚИТЪА
    Ба номи Яздон
    Родӣ кардан, рост гуфтан, зан гирифтан ва пайванди гетӣ роинидан ва Яшт кардан ва ба дин устувор будан ва ҳудуда кардан ва оташи Баҳром нишондан ва гоҳанбор кардан, вайрон(ро) ободон кардан ва гушурван варзидан ва беҳон (ва) арзониёнро чиз додан беҳтар аст.
    ҚИТЪА
    Ба номи Яздон
    Ин ёдгорҳо навишта будааст ба моҳи баҳман андар соли сесаду бисту чаҳор, рӯзи дин ба Озар (ба василаи) Дерзивод, динпаноҳи эдарпой аз баҳри Дерзивод, шоҳзоди шодонфаррух Ҳурмуздро, ки равони эшон анӯша бод, (ки) андар фурӯзиш бувад бар оташкада.
    ҚИТЪА
    Ба номи Яздон
    Ин ёдгор андар хуршедрӯз, моҳи шаҳривари қадим беҳизагии соли шашсаду як андар шаҳри Тона дар ҷазираи Дарё, ман динбанда, меҳрубони Кайхусрави меҳрубони ҳирбад навиштааст.
    То саду панҷоҳ сол кор фармоид, ки Яздон ӯро кӯшоӣ, диҳиши нек ва хайр боиста (диҳад), (пайваста ӯро) коми фаровон раво бувад. (Дар) гетӣ эдун (ки) комтан (ва) андар фарорунӣ ва (дар) мину эдун (ки) комаравон андар аҳлой.
    ҚИТЪАЕ АЗ МОДИЁНИ СИРӮЗА
    Баҳманрӯз ба номи фариштамоҳ, имрӯз анҷумани мушоварае ба хирад кардан, ба даргоҳи шоҳӣ шудан ва низ ба даргоҳи доноён (шудан) ва фармонбардоронро иҷозаи ҳузур додан ва низ бо дӯстон ва доноён ба аҳволпурсӣ шудан, ишқ ва дониш варзидан (ва) ба ҳама кор ва амр (-е пардохтан) хуб аст.
пешина
аз 314
навбатӣ