Зеҳн
Мероси хаттии бостон

Ҷилде аз силсилаи «Тоҷикон дар масири тамаддун» (Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Маркази тоҷикшиносӣ, 2013). Дар он осори хаттии бостонии ниёгони тоҷикон – адабиёти паҳлавӣ («Бундаҳишн», «Ардавирознома», «Ёдгори зарирон», андарзномаҳо ва ғ.) ва катибаҳои шоҳони Ҳахоманишӣ бо тарҷумаи тоҷикӣ ва тавзеҳот гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 314 саҳифа

ТаърихФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан
  1. Маъхаз: Маншури Куруши ҳахоманишӣ. Нахустин баёнияи ҷаҳонии ҳуқуқи башар. Аз силсилаи «Пажуҳишҳои эронӣ» / Ризо Муродии Ғиёсободӣ. – Теҳрон: Навиди Шероз, 1386. – 40с. (мусаввар).
    КАТИБАИ АРИЯРАМНА ДАР ҲАМАДОН
  2. Катибаи Ариярамна дар Ҳамадон лавҳае аз тило аст, ки ба замони шоҳигарии Ариярамна дар Ҳамадон (ҳудуди солҳои 640-590-и қабл аз милод) бахшида шуда, соли 1930 аз бозори Ҳамадон харидорӣ гардид. Ин катиба яке аз муҳимтарин осори шоҳигарии давраи бостонии Эрон ба шумор рафта, даҳ сатр матни ба забони форсии бостонро дар бар мегирад. Сатри ёздуҳум вуҷуд надорад. Баргардонии ҳозира дар асоси муқоисаи нашрҳои олими аврупоӣ П.Лукук (Катибаҳои ҳахоманишӣ. Фароҳамовари ва таҳқиқи П. Лукук. Тарҷумаи Н. Халхолӣ зери назари Ж. Омӯзгор.- Теҳрон: нашр ва пажӯҳиши Фарзонрӯз, 1381.) ва муҳаққиқи тоҷик Д. Саймиддинов (Форсии Бостон. Овошиносӣ, грамматика, овонавишт, катибаҳои мехӣ ва вожанома.-Душанбе: Чопхонаи «Пайванд», 2007 ва сурат гирифт.
  3. Ариярамна (Ariyaramna) – номи падари Аршома ба маънии «оромиши ориёӣ».
  4. Порс (Parsa) – номи кишвар, юнонии Персия. 4. Ҳахоманиш (Haxāmaniś) – бунёдгузори хонадони Ҳахоманиши; «haxā»-дӯст; «maniś» маниш, андеша; ба маънии дӯстманиш ё дӯстандеш.
  5. Аҳурамаздо (Auramazdā) – номи Худо дар забони форсии бостон, иборат аз ду ҷузъ, «аҳура»- соҳиб, худо; «мазда» - доно, хирадманд.
    КАТИБАИ АРШОМА ДАР ҲАМАДОН
  6. Катибаи Аршома дар Ҳамадон – ҳудуди солҳои 590-559-и қабл аз милод, лавҳаи аз тило дар се қитъае аст, ки гӯшаи поёни самти рости он аз миён рафта, дар бозори Ҳамадон харидорӣ шудааст (1945). Ин катиба матнеро ба забони форсии бостон дар чаҳордаҳ сатр дар бар мегирад. Баргардонии ҳозира дар асоси муқоисаи нашрҳои олими аврупоӣ П. Лукук (Катибаҳои ҳахоманишӣ. Фароҳамоварӣ ва тадқиқи П. Лукук Тарҷумаи Н. Халкҳои Зери назари Ж. Омӯзгор.- Теҳрон: Нашр ва пажӯҳиши Фарзонрӯз,1381.) ва муҳаққиқи тоҷик Д. Саймиддинов (Форсии бостон. Овошиносӣ грамматика, овонавишт, катибаҳои мехӣ ва вожанома.- Душанбе: Чопхонаи «Пайванд», 2007) ва сурат гирифт.
  7. Аршома(Arśama) – падари Виштосп. КАТИБАҲОИ КУРУШИ ДУВУМ
  8. Катибаҳои Куруши дувум – катибае мансуб ба солҳои ҳукмронии шоҳи Ҳахоманишӣ Куруши дувум дар солҳои 559-530-и қабл аз милод аст. Ин устувонае аз хоки Рас буда, зимни ҳафриёти Бобул (1879) ба даст омадааст. Катибаи мазкур шомили чиҳилу панҷ сатр мебошад, ки оғоз ва поёни матн нопурра мебошад. Баргардонии ҳозира дар асоси муқоисаи нашрҳои олими аврупоӣ П.Лукук (Катибаҳои ҳахоманишӣ. Фароҳамовари ва таҳқиқи П. Лукук Тарҷумаи Н. Халхолӣ. Зери назари Ж. Омӯзгор.- Теҳрон: Нашр ва пажӯҳиши Фарзонрӯз, 1381.) ва муҳаққиқи тоҷик Д. Саймиддинов (Форсии бостон. Овошиносӣ, грамматика, овонавишт, катибаҳои чопхонаи «Пайванд»,2007) ва сурат гирифт.
пешина
аз 314
навбатӣ