Мусаллои хуршед

Маҷмӯаи шеърҳо ва пиндорҳои Муфаззали Аҷамрод (Душанбе, «Адиб», 2008): ғазалҳо, тарона ва мухаммасҳои орифона ва ошиқона, инчунин пиндорҳои насрӣ дар бораи сухан, ишқ ва забони тоҷикӣ.
Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 32 саҳифа
Дар русто марде мезист ҳушманду закӣ. Абдухалил буд ӯро ном. Вале бо сабаби донишсолорияш мардум ба ӯ лақаби Хирадмандро дода буд ва эҳтиромашро ба ҷо меовард. Хирадманд дар рафтору гуфтор бо ҳама фирқаҳо яксон буд, чӣ бо некхисолон ва чӣ бо бадхӯён.
Замиле аз роҳи кунҷкобӣ, боре аз ӯ суол кард:
– Устод, бо ин ҳама заковат, ки дар табиати шумост, чаро ҳикмати «Бо бадон бад бошу бо некон накӯ»-ро ба инобат намегиред?
Хирадманд дар ҷавоб гуфт:
– Ман он ҳикмат, ки гуфтӣ, ба қадри бардошти фаросати хеш бифаҳмам, на бо мағзи ту. Огоҳ бош, ки «Бо дӯстон муруввату бо душманон мадоро» низ гуфтаанд. Агар бадкирдорро ҳушёрона ба тасарруфи созандаи худ дарорӣ, бигзорад дигар хисоли бадашро ва Худованд подоши амали хайратро бидиҳад:
Ту некӣ мекуну дар Даҷла андоз,
Ки Эзид дар биёбонат диҳад боз!
Ҷавонони русто маҳфили шукӯҳ оростанд. Ду-се тан мӯйсафед ва Хирадманд низ дар ин тадбир ҳузур доштанд. Посе нагузашта, маҳфил ба базми осмонкаф мубаддал гардид. Гурӯҳе аз ҷавонон як тан мӯйсафедро ҳалқа гирифтанд, ки дар майдон мерақсид. Мӯйсафед, ки сархуш буд, бо тамоми «маҳорат» ҳунарашро нишон медод. Баногоҳ ӯ бо бинии хуншор аз давра берун омад.
Ҷавоне, ки дар паҳлӯйи Хирадманд менишаст, худ ба худ «Оббо, кори хуб нашуд» гӯён афсӯс хӯрд.
Хирадманд ин ҳарфро шуниду афзуд:
– Бисёр кори хубе анҷом гирифт. Ҳаминро гӯянд «Пирию хартозӣ!».
Дар расми ифтитоҳи як чорабинӣ ба мансабдоре сухан доданд. Ӯ ба минбар баромаду бо виқори ба худ хос вазъе намуд номавзуну тӯлонӣ. Аз ин ҳолат табъи Хирадманд тира гашт. Пас рӯ ба дигарон оварду гуфт:
Оташе дар дегдон мебоядаш,
То зи равзан дуд берун оядаш.
Шогирд аз Хирадманд суол кард:
– Устод, Шумо фармудаед: «Сухан бояд пуршӯру оташин бошаду маҳфилҳоро биорояд». Магар сухан оташин мешавад?
– Ғуломи он калимотам, ки оташ афрӯзад!.. – гуфт дар посуху оҳ кашид Хирадманд, вале чизи дигаре бар илова наовард.
– Устод, дар китоб омадааст, ки…
– Чӣ омадааст?
– Омадааст, ки.., омадааст, ки… Бубахшед, ба хотирам наомад.
– Хайр, бахшидам, вале:
Сад хона китоб хондию дар ёдат нест,
Бояд ки китобхона дар сина бувад!
– Устод, Шумо дар суханрониатон таъбирҳои «шеъри орифона», «ойинаи қудсӣ», «каломи малакутӣ», «мутафаккир» ва боз ким-чиҳои дигар гуфтед. Ман чизе аз он нафаҳмидам. Батафсилтар маънидод мекардед гуфтаҳоятонро…
Хирадманд аз ин густохии шогирд наранҷида, масрурона иброз дошт:
Чу бишнавӣ сухани аҳли дил,
магӯ, ки хатост,
Суханшинос найӣ, ҷони ман,
хато ин ҷост!
– Кунун фаҳмидӣ?
– Қариб, – ноустуворона ҷавоб дод шогирд.
Хирадманд дастури Ҳаким Фирдавсиро илова намуд:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор